Зеҳн
Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҷавонмарде савори гардани харсанг номи худ дар он ҳаккокӣ мекард. Хирадманд, ки дар ин асно роҳгузар буд, ин машҳад бидид, салом арз намуду аз ӯ бипурсид:
– Касбу ҳунарат чист?
– Касбе наандӯхтааму ҳунаре надорам, – посух дод ҷавонмард.
– Агар нофеъ касб ё ҳунаре медоштӣ, мардум номат, ки ин ҷо менигорӣ, мехонду туро бо ифтихор ёд меовард. Аз ман маранҷ, ки гуфтаанд:

Сабти номи хештан дар санги хоро
шарт нест,
Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум
ҷо шавад!

Ҷавонмард бо шунидани ин суханон аз амалаш бозистоду аз гардани харсанг фаромад ва норозиёна ба Хирадманд гуфт:
– Агар медонистам, ки ин харсанг аз шумост, номи хеш дар он наменавиштам…
«Афсӯс, ман тут гуфтам, ту бед шунидӣ», – аз дил гузаронд Хирадманд.


Шогирд ҳангоми вохӯрӣ бо устод «Ассалом!» гуфт.

– Салом! – маънидорона ҷавоб дод устод ва афзуд, – ҷонашро нагуфтӣ.
– Ҷони чиро?
– Ҷони саломро.
– Магар салом ҳам ҷон дорад?
– Бале, «алайкум» ҷони салом аст…


– Ҳусни хататро ислоҳ мебояд, – эрод гирифт устод аз шогирд.
– Хонда шавад кифоят-дия, – ҷавоб дод ӯ.
– Агар хат танҳо барои хондан мебуд, «Ҳусни хат беҳ зи ҳусни дилдор аст» намегуфтанд…


– Устод, чун фардо ҳамроҳи Шумо ба маҳфили зарифон меравем, кулоҳ пӯшам, ё салла бубандам? – пурсид шогирд.
– Беҳтараш калларо биорой! – посух дод устод.


– Устод, – муроҷиат кард шогирд ба Хирадманд, – хоҳишмандам байти зерини Хоҷа Ҳофизро тафсир бикунед:

Қаламро он забон набвад,
ки сирри ишқ гӯяд боз,
Варои ҳадди тақрир аст
шарҳи орзумандӣ…

– Бо ҷону дил, яъне қалам ҳар қадаре сирри ишқро суруда бошад ҳам, шарҳ (қарор)-и ниҳоии ноил гардидани ошиқ ба дидори маъшуқро гуфта (ёфта) натавонистааст. Аз ҳамин ҷост, ки бо «гуноҳ»-и нотавонии қалам ошиқ дар ин роҳ бисёр заҳмат мекашад, ҷонбозиҳо мекунад ва ҳамон қалами шӯрбахт муқассир (гунаҳгор)-и ҳал нагардидани масъала ҳисоб меёбад. Аз ин рӯ, он хориву зориҳо, ки ошиқ дар роҳи васли ҷонон мекашад, било ҳудуд (беохир) сурат мегирад. Худи ҳамин раванди беохир баройи ошиқ азиз ва ширину мукаррам ба шумор меравад. Ин ҳолат аз баҳри ошиқ аст, ки ҳаройина чунин бошад, яъне «То бод чунин бодо!» ва ин муаммоест сарбаста, онро ба ҷуз зоти поки Худованд дигар касе накушояд. Дар ин маврид Шайх Аттор фармудааст:

Васли ӯ ганҷест пинҳон аз ҳама,
Ҳар ки гӯяд ёфтам, девонаест!

Вале, агар лутфи Худованд ба зуҳур пайвандад, қалам сирри ниҳоии ишқ, яъне шарти аз

пешина
аз 32
навбатӣ