Зеҳн
Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

Шараф чизи таҷовузнопазир аст,
Ҳар он кас, ки шараф дорад, кабир аст!


– Устоди мӯҳтарам, – муроҷиат намуд шогирд ба Хирадманд, – дар китобе хонда будам, ки замин чил миллион сол пеш арзи вуҷуд дошт. Дар ин китобе, ки мехонам, бист миллион сол овардааст рақамро. Ба кадомаш бояд бовар кард?
– Ба ҳеҷ кадомаш бояд иқрор наоварӣ. Ин муамморо танҳо ҷаҳонофарин донад, – ҷавоб дод Хирадманд ва илова намуд:

Мо зи оғозу зи анҷоми ҷаҳон бехабарем,
Аввалу охири ин кӯҳнакитоб афтодаст!


– Устоди мӯҳтарам, он чист, ки омили пешрафти зиндагиаш меҳисобанд? – суол кард шогирд аз Хирадманд.
– Омили асосии нумӯи зиндагӣ ишқ аст, ки яке аз гаронмоятарин инъомҳои Худованд ба бандагон маҳсуб меёбад ва зиндагӣ бо ишқ зебову побарҷо мемонад. Ҳар он касе, ки молики ишқ нест, дар ҷумлаи мардумон намеояд:

Аз дидаи ақл ар нигарӣ рӯйи ҷаҳонро,
Дар дасти ҳама пиру ҷавон номаи ишқ аст!

– Пас, ишқ чӣ бошад?
– Ишқ чизест – пухта аз хомҳо. Ин хомҳо бидуни хоми ягона, ки онро ҳавас ном аст, пухта нагарданд.
– Яъне, он хомҳо, ки гуфтед, ҳама соҳибноманд?
– Бале, ҳар кадоме аз он хомҳоро номест ва яке аз дигаре қавитар, ё болотар, ё баландтар ба мартаба. Ва агар бо забони ташбеҳ бигӯем: нардбонест, ки чандин поя дорад – пояи аввал, пояҳои минбаъда ва пояи охир. Вале он нардбонест ғайримуқаррарӣ, ки ҳар як зинаи болойӣ аз поёнӣ бузургтар бошад ва пояи ниҳойӣ, ҳаройина, волотар аз ҳама.
– Лутфи шумо зиёд аст, устод, чӣ мешуд, ки номҳойи он хомҳоро мегуфтед.
– Махраҷ, ё дурусттараш модари он ҳама хомҳо, огоҳӣ аст, ки аз дарки ҳушманд берун ояд. Баъдан, огоҳӣ бо ҷоннисориҳои ҳавас дигарон: завқ, шавқ, рағбат, меҳр, таманно, умед ва ҳирсро ба вуҷуд оварад. Чунинанд асомии он хомҳо, ки пасоянд аз пешоянд пухтатар сурат бигирад. Ҳамон ҳавас дар миёни эшон ҳалқаи тавсил бошад, яъне дигаронро бо ҳам бипайвандад ва байни ҳам қарин гардонад. Вале, чун ҳавас заъиф гардад, на фақат худ бимирад, балки пешомадашро низ бикушад. Лизо ҳалқа бигсалад, яъне мурод ба даст наояд. Ва, билъакс, агар ҳавас муқтадир бошад, Худованд ба ӯ мададгорӣ намояд ва ӯ бо талошҳойи беорому било фосилаи хеш дар фарҷоми кор ҳирсро ба исён барангезонад ва ҳамаи хомҳоро пухта бигардонаду ҳирсро ба ишқ табдил диҳад, ки он ойинаи баланднур аст! Ҳамин тариқ, дар ниҳояти кор ишқ тантанаи хеш эълон намояд ва ошиқ коми дил аз маъшуқ бистонад…
– Ташаккур, устоди азиз, лутфи шумо зиёда бод!


– Устоди мӯҳтарам, оё сухан ҳам ранг дорад? – пурсид шогирд.
– Оре, оре, – ҷавоб дод Хирадманд. – Аҷаб суоле писанд матраҳ намудӣ. Беҳтарин, бузургтарин ва арзишмандтарин чизе, ки Эзиди мутаъол ба инсон насиб донистааст, сухан аст, зеро

Ёдгоре, к-аз одамизод аст,
Сухан аст, он дигар ҳама бод аст!

пешина
аз 32
навбатӣ