Зеҳн
Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

Суханони тобашон сафедро зуфунунон бигӯянд. Онҳо андарзи Мавлоно Ҷомӣ – «Агар лаб кушойӣ, ба ҳикмат кушой!»-ро ҳалқаи гӯши хеш донанд. Ба ин қабил афрод носеҳон, устодон, носирон, олимон ва дигар ашхоси соҳибмаърифат дохил ҳастанд. Гуфтаҳойи эшон фақат созанда бошад ва шунавандаро ба ҷабҳаҳойи ростини зиндагӣ ҳидоят бинамояд. Ин гуна одамон бо ниятҳои хайрхоҳонаи худ, ки дар суханҳояшон мунъакис мегарданд, ҳатто метавонанд сохтори ҷамъиятро беҳтар аз будаш ба роҳ андозанд. Эшон дар ҳама давру замон шоистаи эҳтиром ва гули сари сабади ҷамъият ба ҳисоб раванд.
Аммо суханони рангашон сурхро ҳар кас гуфта натавонад. Ҳатто агар аз ҷумлаи сафедсуханон ҳам бошад он фард. Суханони сурхро танҳо шоирони алоҳида ва дилогоҳ гӯянд, зеро онҳо гавҳари маъниро дар тарозуи хирад, ҳатталимкон, дақиқ баркашанд. Онҳо аз дигарон дида хушбахттар ҳастанд, зеро бо шарофати офаридаҳойи безаволашон, ки аз боду борон наёбад газанд, солиёни ҳазор зиндаву ҷовид бимонанд. Бояд бигӯям: на ҳамаи офарандаҳои каломи мавзун, ки ҷумла шеърнигоранд, ё ҳарчанд ба таъкид мақоли:

«Ҳар ки сухан бар сухане зам кунад,
Қатрае аз хуни ҷигар кам кунад»

-ро овардаанд, суханони сурх гуфта натавонанд. Баройи сухани сурх сароидан гӯянда на танҳо шоир, балки зиёда аз он бояд тавоно бошад дар арсаи адабиёт. Ба қавли устод Мӯъмин Қаноат,

Суханро вазну тамкини замин бояд,
Суханро қудрати ҷонофарин бояд…

Бо дороии нуктаҳои фавқ сухани шоир ранги сурхро касб мекунад ва ба гуфти Абӯшакури Балхӣ молик мегардад фавқуттабиъа қудратеро:

Сухан бифганад минбару дорро,
Зи сӯрох берун кашад морро.

Сухани сурх тӯли асрҳо писанди ҳамагон бимонад, ҳатто дар шакли шиор, зарбулмасал ва мақол умр ба сар бубарад. Мардум шахсияти муаллифашро гиромӣ доранд ва агар он сухан ақиқвор сурхи назаррабо бошад, аксар вақт номи шоирро дар қатори асомии анбиё ва авлиё манзилат бидиҳад. Мисли он ки ба ин мартабаи олӣ Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Анварӣ, Низомӣ, Аттор, Саноӣ, Хайём, Мавлавӣ, Саъдӣ, Амир Хусрав, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ, Соиб, Бедил, Иқбол ва чанд тани дигар мушарраф гардидаанд. Ба қавли Низомӣ, онҳо булбулони аршанд, ки аз дигарон фарқи беандоза доранд:

Булбули аршанд суханпарварон,
Боз ба кӣ монанд аз он дигарон.

Сухани сабз ҳамонеро гӯянд, ки он аз сухани олӣ олитар, аз воло волотар ва дар ниҳояти арҷ қарор дорад. Ин гуна суханонро паямбарон ба забон биоранд. Осори қаламии эшон тӯли асрҳои зиёд, гузашта аз ин таълифоти баъзеашон то замоне, ки инсоният дар рӯйи замин сукунат дорад, боқӣ мемонаду гиромист ва аз ҷумлаи муқаддасоти доройи авлавияти аввалия ба ҳисоб биравад ва ба фармудаи Ҳаким Саноӣ:

Оқилонро ғизойи ҷон бошад,
Орифонро беҳ аз равон бошад.

Ва дар ин нукта мунтаҳо ягон шубҳае набошад, ки китобҳои муқаддаси самовӣ – Авасто, Инҷил, Таврот, Забур ва Қуръони азимушшаън ҷовидонаанд. Зеро ҳамаи онҳоро – аз ибтидо то интиҳо, бо суханони сабз навиштаанд, бо

Сухане, к-ӯ чу рӯҳ беайб аст,
Гавҳари ганҷхонаи ғайб аст!

пешина
аз 32
навбатӣ