Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Бар замин зад хирқаро, к-эй беиёр,
З-ин дағал моро баровардӣ зи кор.
Фақеҳ гуфт:
– Ман туро аз беарзишии моли дуздӣ огоҳ кардам, ту напазируфтӣ. Ҳоли ту ба кори дунё монад, агарчи зоҳири фиребанда дорад, аммо аз бевафоии худ фарёд мезанад. Бадбахтона, гӯши суханшунав, дидаи эътибор нест.
Гуфт: «Бинмудам дағал, лекин туро
Аз насиҳат бозгуфтам моҷаро».
Он ғулом номаеро, ки навишта буд, дубора нахонд, аммо пеши ошпази шоҳ рафту шикояти худро бозгуфт. Ошпаз, ки маҳрами шоҳ буд, гуфт:
– Шоҳ на тангдаст асту на бахил. Ӯ ба ҳар кас ба қадри ихлосу некандешию хидмати ӯ мебахшад. Агар аз музди ту кам карда ё бемеҳр шудааст, бояд аз худат иллаташро бипурсӣ, на ин ки онро ба шоҳ нисбат бидиҳӣ. Аммо ҳар чӣ ошпаз мегуфт, ба гӯши ӯ намерасид ва ҳарфи худашро ҳақ мепиндошт. Ошпаз гуфт:
Об аз сар тира аст, эй хирахашм,
Бештар бингар, яке бикшой чашм.
Ин магир аз фаръ, ин аз асл гир,
Бар камон кам зан, ки аз бозуст тир.
Оқибат ғулом номаро ба шоҳ расонд. Шоҳ номаро хонду онро дур андохт ва посухе надод. Гуфт:
– Ин мард аз бемеҳрии ман ғам надорад. Аз ин ки дастмуздаш кам шудааст, дар хашм аст. Ӯ аз ман намеандешад, доир ба хӯрду хӯрок меандешад.
Аммо ғулом ба ин қаноат накард ва боз номаи дигар ба подшоҳ навишт. Пеши худ гуфт:
– Номабар номаро ба шоҳ нарасонда ва ба ман хиёнат кардааст. Аз ин ҷиҳат, дар номаи дувум ба ошпазу номабар дашном дод ва онҳоро муттаҳам намуд. Ҳаргиз фикр накард, ки кирм аз дарахт аст ва айб аз худи ӯст. Ин номаро ҳам шоҳ хонд ва посух надод. Он ғулом панҷ бор нома навиштанро такрор кард. Охир вазири шоҳ ба ӯ гуфт:
– Ӯ ғулому бандаи шоҳ аст. Агар ҷавоби ӯро бидиҳед, аз шаҳии ту чизе кам нагардад.
Аз шаҳии ту чӣ кам гардад, агар
Бар ғулому банда андозӣ назар?
Гуфт: «Ин саҳл аст, аммо аҳмақ аст,
Марди аҳмақ зишту мардуди Ҳақ аст.
Гуфт Пайғамбар, ки аҳмақ ҳар кӣ ҳаст,
Ӯ адувви мосту ғули раҳзан аст.
Шоҳ гуфт:
– Ман марҳамати хешро дареғ намедорам, аммо ин ғулом марди аблаҳе аст ва ҳар коре дар ҳаққи ӯ бикунӣ, розӣ намешавад. Паёмбари акрам (с) дар ин маврид барҳақ фармудааст: «Ҳар кӣ аҳмақ бошад, душмани мо ва ғули раҳзан аст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор