Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Дуруст аст, ки даруни хонаро деворҳо аз чашми ҳамсоя дур медоранд, аммо ҳамсояҳо аз шикофи равзани девор бар он чи аз он сӯйи онҳо мегузарад, огоҳ мешаванд. Аз асрори хонаи дил табибони дил бохабаранд ва бидуни гуфтугӯ бо нигоҳ рози ниҳонро дармеёбанд.
Ҳоло ки достон ба ин ҷо расид ва аз табиби дилу орифи худошинос ва ворастаи роздон сухан рафт, пешбинии Боязиди Бастомӣ, ки муждаи таваллуди Шайх Абулҳасани Хорақониро дода буд, боз гӯем:

Рӯзе он султони тақво мегузашт
Бо муридон ҷониби саҳрову дашт.
Бӯйи хуш омад мар ӯро ногаҳон,
Дар саводи Рай, зи сӯйи Хорақон.

Боязид рӯзе аз саҳрои Рай ба сӯйи Хорақон мерафт. Ногаҳон муридон диданд, ки ҳоли ӯ дигаргун шуд ва дар чеҳрааш асари шодӣ ҳувайдо гардид. Муридон пурсиданд, ки чӣ ҳол ба шумо рух додааст?

Гуфт: «З-ин сӯ бӯйи ёре мерасад,
К-андар ин деҳ шаҳриёре мерасад.
Баъди чандин сол мезояд шаҳе,
Мезанад бар осмонҳо хиргаҳе.
Рӯяш аз гулзори Ҳақ гулгун бувад,
Аз ман ӯ андар мақом афзун бувад».

Он гоҳ гуфт:
– Номи ӯ Абулҳасан аст ва аз авлиёи Худост. Дар бораи шаклу шамоил, ранги чеҳраву қадду боло нишонаҳое дод.
Муридон гуфтаҳои Боязиду таърихеро, ки ин пешгӯйӣ ба ӯ даст дода буд, ёддошт карданд. Солҳо пас аз он ҳамон тавр ки гуфта буд, дуруст дар рӯзи муайян Абулҳасани Хорақонӣ ба дунё омад.

Аз паси он солҳо омад падид
Булҳасан баъди вафоти Боязид.
Ҷумлаи хӯҳои ӯ з-имсоку ҷуд
Ончунон омад, ки он шаҳ гуфта буд.
Лавҳи маҳфуз аст ӯро пешво,
Ӯ чӣ маҳфуз аст? Маҳфуз аз хато.
На нуҷум асту на рамл асту на хоб,
Ваҳйи Ҳақ, «валлоҳу аълам би-с-савоб».
Ваҳйи дил гираш, ки манзаргоҳи ӯст,
Чун хато бошад, чу дил огоҳи ӯст?

Пас аз ин ки шайх ба мақоми баланди ирфон расид, муридон достони гузаштани Боязид, пешгӯйӣ ва хабари вилодати ӯро, ки аз пеш хабар дода буд, таъриф карданд. Шайх гуфт:
– Ман ҳам дар хоб он чи шумо мегӯед, ҳамаро дидаам ва аз он ҳангом ҳар бомдод ба гӯристон мерафту мазори Боязидро зиёрат мекард, масоилу мушкили худро ҳал мекард, то ин ки як рӯз ба гӯристон омад. Он саросар аз барфи фаровон пӯшида, ба тавре ки наметавонист гӯри ӯро пайдо кунад. Ногаҳон дар ҳоли тафаккур ва андеша овозе шунид:

пешина
аз 176
навбатӣ