Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Касеро, ки ба сардории лашкар баргузидаам, мешиносам, аз доноӣ, тавоноӣ ва имкони ӯ огаҳам. Фармонбарии дигарон аз ӯ ба хотири ақлу дониши ӯ ва кордонии ӯст. Ақл дар корҳо пирӯз аст.
Аз адам чун ақли зебо рӯ кушод,
Хилъаташ доду ҳазораш ном дод.
ДОСТОНИ БОЯЗИДИ БАСТОМӢ ВА МУРИДОН
Шабе Боязид ба гурӯҳи муридони худ пайваст. Сархушу хандонгӯйӣ мекард, зеро маст буд. Чун муридонро назар кард, гуфт:
– Ман Худоям, ман Худои бузургам, бояд маро бипарастед.
Муридон дар шигифт шуданд ва надонистанд чӣ бикунанду чӣ бигӯянд, то бомдод шуд. Сархушии Боязид дар чеҳраи ӯ намонд. Пас фурсатро ғанимат шумурда, достони шаби гузаштаро ба вай бозгуфтанд. Ҳайронии худро аз он ҳол ошкор намуданд. Боязид гуфт:
– Агар маро дар чунон ҳол дидед, ки чунон ҳарфҳое мезанам, маро бикушед, чаро ки Худо ҷисм нест.
Гуфт: «Ин бор ар кунам ман машғала,
Кордҳо бар ман занед он дам хала.
Ҳақ муназзаҳ* аз тану ман бо танам,
Чун чунин гӯям, бибояд куштанам».
Чун васийят кард он озодмард,
Ҳар муриде корде омода кард.
Шаби баъд, ки боз ба муридони худ расид, ҳоли ӯ ошуфтатару сармасттар буд. Ҳангоме ки онҳоро дид, аз шаби пеш болотар гузашту гуфт:
– Эй мардум, дар пайи Худо дар осмону замин нагардед. Худованд даруни ҷомаи ман аст.
«Нест андар ҷуббаам илло Худо,
Чанд ҷӯйӣ бар замину бар само?»
Он муридон ҷумла девона шуданд,
Кордҳо дар ҷисми покаш мезаданд.
Ҳар яке чун мулҳидони гирдакӯҳ
Корд мезад пири худро бесутӯҳ.
Ҳар кӣ андар шайх теғе мехалид,
Божгуна аз тани худ медарид.
Як асар на бар тани он зӯфунун
В-он муридон хаставу ғарқоби хун.
Муридон ба гуфтаи худи ӯ ба ҷонаш афтоданд ва кордҳои тези худро бар вай мезаданд. Аммо аҷиб он буд, ки ҳар кӣ ба ҳар ҷойи тани шайх корд мезад, он корд ба худи ӯ бармегашт ва узви бадани худашро мешикофт. Тезию буррандагии корд дар Боязид асар надошт. Аммо ӯ ҳамчунон сархушу аз худ бехуд буд. Ҳар кӣ гулӯи ӯро бурида буд, гулӯи худаш бурида шуд ва ҳар кӣ ба синаи ӯ захм мезад, синаи худро медарид. Дар он миён муриде буд, ки бисёр шефтаи Боязид буд. Ӯ дилаш намешуд, ки бар тани пири худ корд занад. Вале ҷиҳати фармонбардорӣ аз ӯ неши кордро ба тани ӯ ошно кард ва худ захми сабук бардошт. Онҳо, ки захмҳои корӣ зада буданд, худашон аз по афтода ҷон супурданд. Чун рӯз шуд, хонаводаи муридоне, ки кушта шуда буданд, гирд омаданд ва нолаву зорӣ мекарданд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор