Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Аҳли Қунияи Рум аз хурду бузург дар ҷанозаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳозир шуданд ва насрониёну яҳудиён ва пайравони дигар динҳо низ, ки бузургӣ, сулҳҷӯйӣ ва некхоҳии вайро озмуда буданд, бо ҳамдардии мусалмонон шевану афғон мекарданд.
Дар маросими ҷанозаи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ҳазорон нафар ширкат намуданд ва Шайх Садруддин бар наъши мубораки эшон намоз гузориду аз шиддати бехудиву дард шаҳқае бизаду аз ҳуш бирафт. Тобути Мавлоноро бо ҳурмати тамом баргирифтанду наъши мутаҳҳарашро дар турбати муборак, дар паҳлуи қабри падари бузургвораш Султонулуламо Баҳоуддинвалад мадфун сохтанд ва қозӣ Сироҷуддин дар назди турбати ҳазрати Мавлоно ин абёти ҷонсӯзро бархонд ва фиғон аз қалби пурсӯзи мардум баромад:
Кош он рӯз, ки дар пойи ту шуд хори аҷал,
Дасти гетӣ бизадӣ теғи ҳалокам бар сар.
То дар ин рӯз ҷаҳон бе ту надидӣ чашмам,
Ин манам бар сари хоки ту, ки хокам бар сар.
Ва муддати чиҳил шабонарӯз ёрону пайвандон, шогирдону муридон ва умуман мардуми Қунияи Рум таъзияти Мавлоно медоштанду нолаву гиря мекарданд ва бар фавти он саодати осмонӣ дареғу ҳасрат мехӯрданд ва бузургиву ахлоқи поки ӯро ба забон меоварданд. Бояд гуфт, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ пеш аз вафоташ марсияи ҷонсӯзе гуфта, ёронашро бо чунин абёт дилбардорӣ кардааст:
Ба рӯзи марг чу тобути ман равон бошад,
Гумон мабар, ки маро дарди ин ҷаҳон бошад.
Барои ман магирию магӯ: дареғ, дареғ,
Ба доми дев дарафтӣ, дареғ он бошад.
Ҷанозаам чу бибинӣ, магӯ: фироқ, фироқ,
Маро висолу мулоқот он замон бошад.
Маро ба гӯр супурдӣ, магӯ: видоъ, видоъ,
Ки гӯр пардаи ҷамъияти ҷинон бошад.
Фурӯ шудан чу бидидӣ, баромадан бингар,
Ғуруби шамсу қамарро чаро зиён бошад?
Кадом дона фурӯ рафт дар замин, ки наруст,
Чаро ба донаи инсонат ин гумон бошад?
Туро чунон бинамояд, ки ман ба хок шудам,
Ба зери пойи ман ин ҳафт осмон бошад*.
- Бадеъуззамон Фурӯзонфар. Шарҳи ҳол ва осори Мавлоно./ Бо кӯшиши Ҷаъфари Ранҷбар ва Масъуди Миршоҳӣ/. Душанбе: Бунёди «Довар Ибтиҳоҷ», 2007, саҳ. 157-165.
Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхии Вахшонӣ мутахаллис ба Румӣ аз зумраи бузургтарин мутафаккирону донишмандони исломӣ ва намояндаи бузурги адабиёти форсу тоҷик ба шумор меравад ва дар таърихи тамаддуни ҷаҳон мақоми баландеро ишғол менамояд. Беш аз ҳаштсад сол мешавад, ки андешаҳои баландпарвози ӯ қалби ҳазорон нафар сокинони дунёро тасхир месозанд. Гӯё пири хирадманд Мавлонои Рум дар даст чароғи ирфону маърифат дар ҷустуҷӯйи Инсони комил аст, кӯй ба кӯй, гузар ба гузар, кӯча ба кӯча, деҳа ба деҳа, шаҳр ба шаҳр, кишвар ба кишвар мегардад, паёми ойини Ҳақ, озодию озодандешӣ, сулҳу сафо, баробариву бародариро ба мардум мерасонад, то ки онҳо худро ва саранҷом офарандаи хеш Худованди мутаъолро бишиносанду ба камол бирасанд ва саодати ҳар ду ҷаҳонро ба даст биоваранд. Ба қавли худи Мавлоно:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор