Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Шикорчӣ пазируфт ва мурғ гуфт:
– Панди аввал ин аст, ки ҳаргиз ҳеҷ кори ношуданӣ ва ғайри имконро аз касе бовар макун:

Он чи бар даст аст, ин аст он сухун,
Ки муҳолеро зи кас бовар макун.

Шикорчӣ ӯро раҳо карду мурғ парид ва бар сари девор нишаст. Гуфт:
– Ҳаргиз бар гузашта ғам махӯр!
Чун бар сари дарахт нишаст, гуфт:
– Дилам ба ҳоли ту месӯзад. Ман дар шиками худ гавҳаре дорам, ба вазни даҳ дирҳам санг. Агар маро мекуштӣ, моли ту буд:

Давлати ту – бахти фарзандони ту,
Буд он гавҳар, ба ҳаққи ҷони ту.

Мард аз шунидани ин ҳарф ба нолаву зорӣ афтоду аз ҳасрати аз даст додани он гавҳар ашк мерехт. Мурғ гуфт:
– Эй мард, магар нагуфтам бар гузашта ғам махӯр? Гиряю зорӣ чӣ суд дорад?

Чун гузашту рафт, ғам чун мех(в)арӣ,
Ё накардӣ фаҳми пандам ё карӣ!

Ба илова, ман туро огаҳ кардам, ки ҳаргиз кори муҳолро бовар макунӣ. Охир, вазни худи ман се дирам нест. Чӣ гуна дар ишками ман як гавҳари даҳдирҳамӣ ҷо мегирад?
Шикорчӣ андешид, ки рост мегӯяд ва ба худ омаду гуфт:
– Акнун, ки маро фиреб додӣ, панди сеюмро боз гӯй.
Мурғ гуфт:
– Рост гуфтӣ. Панди сеюм ин аст, ки ҳеҷ гоҳ ба одами нодону аҳмақ панд мадеҳ, ки монанди ин аст, ки дар замини шӯразор дона бикорӣ, ки ҳаргиз сабз нашавад:

Панд гуфтан бо ҷаҳули хобнок
Тухм афкандан бувад дар шӯрахок.
Чоки ҳумқу ҷаҳл напзирад рафӯ,
Тухми ҳикмат кам диҳаш, эй пандгӯ.

Мард аз шунидани ин се панд ибрат гирифт ва бар раҳо кардани он мурғи зирак ҳасрат бурд.

ДОСТОНИ ПОДШОҲ ВА НАДИМУ ВАЗИР

Подшоҳе бар надиме хашм кард,
Хост, то аз вай барорад дуду гард.
Кард шаҳ шамшер берун аз ғилоф,
То занад бар вай ҷазои он хилоф.

Подшоҳе мушовире дошт, ки барои хилофе, ки карда буд, сахт бар ӯ хашм гирифт ва дар ҳузури дигарон шамшер кашид, то ӯро бикушад. Ин шоҳ вазире дошт, ки бисёр назди ӯ гиромӣ буд ва шоҳ барои ӯ ҳамон арзишеро дар назар дошт, ки Худованд барои паёмбараш. Бинобар ин, ба ҳарфи ӯ бисёр эҳтиром мегузошт ва ҳине ки шоҳ мехост бо шамшер сари надими худро бибурад, вазир пеши пойи подшоҳ худро ба замин афканд:

Бас ҷаҳиду зуд дар саҷда фитод,
Дарзамон шаҳ теғи қаҳр аз каф ниҳод.

пешина
аз 176
навбатӣ