Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

– Пас асл чист?
Маъшуқ ҷавоб дод:
– Фано ва нестист. Аз ҷон гузаштан, аз тан растан ва ба маъшуқ пайвастан.

Ту ҳама кардӣ, намурдӣ, зиндаӣ,
Ҳин, бимир, ар ёри ҷон бозандаӣ.

Бо шунидани ин фармон, ошиқ пеши рӯйи маъшуқ дароз кашиду аз шавқи фармонбардорию шӯри ишқ дилшоду хандон ҷон дод. Он ханда бар лаби ӯ ҷовидон бимонд.
Ишқи пок, монанди нури хуршед, бар ҳама ҷо ва ҳама кас яксон метобад. Хуршед бар нопокиҳою покиҳо, бар олудагиҳою бар сабзаю гулҳо яксон нур меафшонад. Аммо ҳангоме ки партави худро бармегирад, аз он нопокиҳою олудагиҳо ва аз он рангу бӯ чизе ҳамроҳ намебарад.

Нури маҳолуда кай гардад абад?
Гар занад он нур бар ҳар неку бад.

Як нафар аз муфтие пурсид:
– Оё гиря намозро ботил мекунад?
Муфтӣ гуфт:
– То гиря барои кӣ ва чӣ бошад. Агар аз шавқи дидори Худованд гиря мекунӣ ё аз тарси Ӯ бо пушаймонӣ аз гуноҳ, на танҳо намоз ботил намешавад, балки комил мешавад. Ва агар барои ҳоҷати худу тани худу касони худ гиря кунӣ, он намоз ба донаи гандуме намеарзад. Дар баробари Парвардигор бояд худро фаромӯш кунӣ, ҳамчунон ки ошиқ ба фармони маъшуқ аз ҷон мегузарад ва ба ишқи ҷовидон хушбахтии ҷовидон мерасад.

ДОСТОНИ ШАЙХУ МУРИД

Муриде рӯзе пеши шайхи худ рафт. Ӯро гирён дид.

Шайхро чун дид гирён он мурид,
Гашт гирён, об аз чашмаш давид.

Мурид аз гиряи шайх ба гиря афтоду ҳой-ҳой гирист. Дар масал аст, ки одами шунаво як бор механдад ва одами кар ду бор. Як бор аз хандаи одами шунаво ба ханда меафтад, бе донистани иллати хандаи одам аз рӯйи тақлид ба хандаи ӯ. Бори дуюм, иллатро ҷӯё мешавад ва далели хандаро дармеёбад ва боз механдад.

Пас муқаллид низ монанди кар аст,
Андар он шодӣ, ки ӯро дар сар аст.

Муриди шайх ҳам, бе он ки бидонад чаро шайх мегиряд, монанди ӯ ашк мерехт. Баъд аз он пеши шайх изҳори иродат кард ва бозгашт. Шайх муриди хоси дигаре дошт, ки ҳамеша дар хидмати ӯ буд. Ҳоли ӯро медонист, ки ҳеҷ кореро бе далели ақл намекунад ва барои дарду ғами худ намегиряд. Аз ин ҷиҳат, чун мурид ба роҳ афтод, дунболаш рафт ва дур аз диди шайх ба ӯ гуфт:

пешина
аз 176
навбатӣ