Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
– Агар шавқи ту ба хариди ин ғулом намебуд, ман ӯро ба даҳяки ин баҳо медодам, зеро ӯ пеши ман ба ним дирҳам ҳам намеарзад. Аммо иштиёқи ту баҳои ӯро боло бурд.
Абӯбакр гуфт:
– Ту бояд ба ҳоли худат бихандӣ, чунки намедонӣ, ки баҳои ин мард назди ман ба ҷаҳоне меарзад. Ту онро бо чормағзе аз даст додаӣ! Агар ба фурӯши ӯ тан намедодӣ, ман ҳамаи сарвату дороии худро ба ивази ӯ медодам.
Саҳл додӣ, з-он ки арзон ёфтӣ,
Дур надидӣ, ҳуққаро нашкофтӣ!
Ту дар муомила фиреб хӯрдаӣ. Бояд бар ҳоли худ бихандӣ, ки баҳои он гавҳарро надонистӣ ва онро осону арзон аз даст додӣ!
Он гоҳ дасти Билолро гирифт ва ӯро пеши Паёмбар бурд. Чун чашми Билол ба ӯ афтод, саҷда кард ва аз шодӣ бехуд шуд.
То ба дере бехуду беҳуш монд,
Чун ба ҳуш омад, зи шодӣ ашк ронд.
Мустафояш дар канори худ кашид,
Кас чӣ донад бахшише, к-ӯро расид.
Он гоҳ ҳазрати Муҳаммад (с) ба Абӯбакр фармуд:
– Магар нагуфта будам, ки маро дар хариди Билол шарик кун?
Сиддиқ гуфт:
– Мо ҳарду бандаи туем ва фармони ту бар мо равон аст. Ман озод будам ва бо дидор ба ту дил бастаму бандагии туро ба ҷону дил харидам. Ҳар чӣ ман дорам, аз туст.
– Маро ёри ғори худ кардаӣ. Бар хотири дидори ту ман зинҳор озодӣ нахоҳам ва банда будан ба ту барои ман озодӣ аст. Акнун ӯро ба шодии рӯйи ту аз ғуломӣ озод мекунам!
Гуфт: «Мо ду бандагони кӯйи ту,
Кардамаш озод ман бар рӯйи ту.
Ту маро медор банда-в ёри ғор,
Ҳеч озодӣ нахоҳам зинҳор!
Ки маро аз бандагит озодӣ аст,
Бе ту бар ман меҳнату бедодӣ аст.
Ман дар ҷавонӣ дар хоб дида будам, ки қурси офтоб ба ман назар мекунад ва маро аз замин ба сӯйи осмон мекашад. Пеши худ мегуфтам, ки ин молихулиёст ва ҳаргиз чунин чизе нахоҳад шуд. То туро дидам, донистам, ки он хоб рост будааст. Дар хидмати ту ман ба осмону хуршед расидаам!
Чун туро дидам, бидидам хешро,
Офарин он ойинай хушкешро.
Чун туро дидам, муҳолам ҳол шуд,
Ҳоли ман мутағриқи иҷлол шуд.
Чун туро дидам, худ, эй рӯҳулбилод!
Меҳри ин хуршед аз чашмам фитод.
Гашт олиҳиммат аз ту чашми ман,
Ҷуз ба хорӣ нангарад андар чаман.
Нур ҷустам, худ бидидам нури нур,
Ҳур ҷустам, худ бидидам рашки ҳур.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор