Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

– Чӣ кор карданӣ ҳастӣ?
Гадо гуфт:
– Дар хонае, ки на об пайдо мешавад, на нон, бигузор худро сабук кунам.

Чун дар ин ҷо нест ваҷҳи зистан,
Дар чунин хона бибояд ристан.

Ту на бозӣ, ки шикор кунӣ ва на товус, ки парҳои рангин дошта бошӣ, на тӯтии ширинсухане, ки ба ту қанд бидиҳанд ва на булбуле, ки дар гулистон бо овози хуш ҷилва кунӣ ва на ҳудҳуде, ки хабари хуш биёварӣ. Ту чӣ кораӣ ва ба чӣ дард даво мебошӣ?
Ба достони он пиразан баргардем. Як шаб хост ба тӯйи арӯсие биравад. Баробари ойина истод. Чанд адад рангу бор ба чеҳрааш молид, ки худро биорояд. Аммо ҳар чӣ кард, чеҳраи пурожанги худро ороста карда натавонист. Қуръоне дошт, ки варақҳояш заррин ва тиллокорӣ шуда буд. Пораҳои тиллоро аз он меканду рӯйи худро бо он меорост, вале зарраҳои тилло бо пӯшидани рӯймол мерехтанд ва пиразан дубора онҳоро бо оби даҳон мечаспонд. Оқибат хаста шуду гуфт:
– Сад лаънат ба Шайтон!
Ҳамон дам Шайтон пеши чашми ӯ ошкор шуду гуфт:
– Эй пири зиштрӯй, ба ман чӣ кор дорӣ? Ин корҳое, ки ту мекунӣ, китоби Худоро пора-пора намуда, порчаҳои тиллоро ба рӯйи худ мечаспонӣ, ақли ман ба ин кор намерасад. Ту расвоиро аз ҳад гузаронидаӣ! Мепиндорӣ, ки бо пораҳои тиллоие, ки аз Қуръон медуздию чеҳраи худро оро медиҳӣ, ба ранги себ зебо мешавӣ? Бидон, ки ҳаргиз ба орзуи худ нахоҳӣ расид, пириро наметавонӣ ба ҷавонӣ баргардонӣ! Бо имрӯз дамсоз бошу гузаштаро бигузор. Дар ин ҳолат умеди зебоӣ барои ту муҳол аст, агарчанде хатту хол кунӣ ва абруҳо сиёҳ намоӣ, ҷавониро боз нахоҳӣ ёфт.

БЕМОРУ ТАБИБ ВА СӮФИЮ ҚОЗӢ

Беморе назди табиб рафт ва гуфт:
– Набзи маро бисанҷ, то аз бемории ман огоҳ шавӣ:

Ки зи набз огаҳ шавӣ бар ҳоли дил,
Ки раги даст аст бо дил муттасил.

Ҳамчунон ки мо бодро намебинем, аммо вуҷуди ӯ аз парокандагии гарду ғубор дар ҳаво ва ҷунбиши баргҳо ошкор мешавад, ҳоли дилро набз бозгӯй мекунад. Ҳамин тавр, мо Худоро намебинем, аммо аз гуфтори Паёмбару муъҷизаҳои ӯ пай мебарем, ки Офарандае ҳаст. Аз вуҷуди Офаранда низоми корҳо хабар медиҳанд. Ҳарчанд ки Ӯро бо чашми одӣ намебинем, бо чашми ақлу хирад эҳсосу дарк мекунем.

пешина
аз 176
навбатӣ