Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
– Агар қисса бештар бигӯям, либос кам меояд ва ҷомаат кӯтоҳу танг хоҳад шуд.
Бӯса афшон кард бар устод ӯ,
Ки ба ман баҳри Худо афсона гӯ.
Эй фасона гаштаву маҳв аз вуҷуд,
Чанд афсона бихоҳӣ озмуд?
Ин фасона гуфтани ман ва хандондани ту ба зиёни ту хоҳад анҷомид. Агар медонистӣ ин хандаҳо чӣ зараре ба ту меоваранд, ба ҳоли худ гиря мекардӣ!
Сӯфӣ гуфт:
– Худованде, ки аз дарахти сарсабз оташ берун медиҳад ва аз хор гулу аз замистон баҳор меоварад, дарди сар, ғаму нодорӣ ва дармондагиро аз сари мардум дур карда метавонад.
Он ки гул орад бурун аз айни хор,
Ҳам тавонад кард ин дайро баҳор.
Он ки з-ӯ ҳар сарв озодӣ кунад,
Қодир аст ар ғуссаро шодӣ кунад.
Қозӣ гуфт:
– Агар дарди сар заҳмат намедошт ва хубу бад, зишту зебо ва сангу гавҳар намебуд, фарқи байни донову нодон ва тавоною нотавон ошкор мешуд? Агар тобистон набошад, пунба ба даст намеояд, агар зимистон набошад, ях намебуд. Пас, дар ҳар ранҷе неъмате ҳаст ва баъд аз ҳар сахтӣ роҳате. Худованд ҷаҳонро дар пояи зиддиятҳо офаридааст. Вақте ғамнок мешавӣ, бояд аз хушҳолиҳо ёд кунӣ ва ҳангоми навмедӣ аз лутфи Худо дил набурӣ, ки дар навмедӣ басе умед аст. Ҳар гоҳ аз надоштани чизе дучори ғусса мешавӣ, ба доштани он чӣ дорӣ, биандеш, зеро агар дуруст фикр кунӣ, он чӣ дорӣ, беш аз он аст, ки надорӣ.
Илму ҳикмат баҳри роҳу бераҳист,
Чун ҳама раҳ бошад, он ҳикмат тиҳист.
Баҳри ин дукони табъи шӯраоб,
Ҳар ду оламро раво дорӣ хароб?
Ман ҳамедонам, ки ту покӣ, на хом
В-ин суолат ҳаст аз баҳри авом.
Ҷаври даврону ҳар он ранҷе, ки ҳаст,
Саҳлтар аз буъди Ҳаққу ғафлат аст.
З-он ки инҳо бигзаранд, он нагзарад,
Давлат он дорад, ки ҷон огаҳ барад.
ДОСТОНИ СЕ МУСОФИРИ МУСАЛМОН, НАСРОНӢ ВА ЯҲУДӢ
Як ҳикоят бишнав ин ҷо, эй писар!
То нагардӣ мумтаҳан андар ҳунар.
Ин ҷуҳуду мӯъмину тарсо магар
Ҳамраҳӣ карданд бо ҳам дар сафар.
Як яҳудӣ, як мусалмон ва як насронӣ дар сафаре бо ҳам ҳамроҳ шуданд. Ҳодисае пеш ояд, ки зоғе ҷуғзу боз дар як қафас биафтанд ё намозхону бенамозе дар як зиндон гирифтор шаванд ё мардумони гуногун аз шарқу ғарб бар асари барфу борон аз ночорӣ дар як корвонсаро шабро ба сар бибаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор