Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Ки акобирро муқаддам доштан
Омадаст аз Мустафо андар сунан.
Агарчи дар ин замона мардумони паст пиронро танҳо дар ду ҷо эҳтироми пешкорӣ медиҳанд, яъне ё барои чашидани хӯроки бисёр гарм ё ҷойи дигар ҷиҳати гузаштан аз пулҳои хароб пеш мегузаронанд. Касоне, ки ба зоҳир ба бузургону пирону раҳбарон эҳтиром мегузоранд, хубию бадиашон аз якдигар кам фарқ дорад.
Подшоҳе ба масҷид мерафт, ки зоҳиран ғами мардумро хӯрдан мехост. Дар сари роҳ навкарон ва посбонон мардумро мезаданд, ки аз сари роҳи ӯ дур шаванд. Бегуноҳеро ҳам бе ҳеҷ сабаб даҳ чӯб заданд. Бечора хунрезону гирён фарёд мезад:
– То ин зулмҳои махфиро пайдо кардану бартараф намудан пеши ин зулмҳои ошкоратро бигир. Агар то масҷид рафтан ин кори хуби ту бо ин қадар зулм аст, пас кори бади ту чӣ гуна бошад? Ситамгар аз гург бадтар аст, зеро гург, агарчи ситамгар аст, он фарҳангу бадкирдорию фиреб доданро, ки дар одамӣ ҳаст, надорад:
Гург дарёбад валиро, беҳ бувад,
З-он ки дарёбад валиро нафси бад.
З-он ки гург арчи ки бас истамгарест,
Лекаш он фарҳангу кайду макр нест.
В-арна кай андарфитодӣ ӯ ба дом,
Макр андар одамӣ бошад тамом.
Тамоми фиребу ҳилаҳо дар одамон асту бас.
Он гоҳ қӯшқор гуфт:
– Эй дӯстон, ҳар кадоме дарозии умри худро бигӯяд, то бидонем, ки кӣ бузургтар аст. Ман худам дӯсту ёри қуче (қӯшқоре) ҳастам, ки Иброҳим (а) ӯро ба ҷойи Исмоил (а) қурбонӣ кард ва бо ҳам дар як чарогоҳ мечаридем.
Гов гуфт:
– Ман аз ту солхӯрдатар ҳастам, зеро ҷуфти он гове ҳастам, ки ҳазрати Одам (а) ҷуфтронӣ кард. Ман ҷуфти он говам, ки падари одамиён маро ром намуд ва заминҳои худро кишт мекард.
Шутур ба суханҳои онҳо гӯш карду гардани дарози худро поён кард ва қабзаи алафро аз замин канда, гарданашро боло кард ва дар ҳоли хӯрдан гуфт:
– Ман бо ин ҷуссаву сару гардан ҳоҷат ба таърих надорам.
Чун ҳама кас донад, ҷон падар,
Ки набошам аз шумо ман хурдтар.
Ва бо ин гуфтор алафро канда фурӯ бурд:
Ки маро худ ҳоҷати таърих нест,
К-инчунин ҷисмеву олӣ гарданест.
- Қуч – гӯсфанди нар, қушқор.
ДОСТОНИ ШОҲИ ТИРМИЗ ВА ДАЛҚАК
Саййиди Тирмиз, ки он ҷо шоҳ буд,
Масхарай ӯ далқаки огоҳ буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор