Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Шавҳар, ки шикояти занро аз бечизию нодорӣ шунид, ӯро ба сабр даъват карду гуфт:
– Аз умри мо чизе намондааст, бояд ба бешу кам тоқат кард, ки ҳар ду даргузар аст, намебинӣ аз пашша то пилу аз фохта то бозро Худованд рӯзӣ мерасонад. Чӣ гуна мумкин аст моро фаромӯш кунад? Ту ҷуфту ҳамсари манӣ. Бояд дар сабру тоқат ҳам монанди ман бошӣ:
Ҷуфти мойӣ, ҷуфт бояд ҳамсифат,
То барояд корҳо бо маслиҳат.
Ҷуфт бояд бар мисоли ҳамдигар,
Дар ду ҷуфти кафшу мӯза дарнигар.
Гар яке кафш аз ду танг ояд ба по,
Ҳар ду ҷуфташ кор н-ояд мар туро.
Зан аз суханони мард дар хашм шуду бар ӯ бонг зад:
Турраҳот аз даъвиву даъват магӯ,
Рав, сухан аз кибру аз нахват магӯ.
Чанд ҳарфи тумтароқу кору бор?
Кору ҳоли худ бибину шарм дор.
Кибр зишту аз гадоён зишттар,
Рӯз сарду барфу он гаҳ ҷома тар!
Чанд даъвову даму боди бурут?
Эй туро хона чу байтуланкабут.
Аз қаноат кай ту ҷон афрӯхтӣ?
Аз қаноатҳо ту ном омӯхтӣ.
Ақли худро аз ман афзун дидаӣ?
Мар мани камақлро чун дидаӣ?
Шавҳар гуфт:
– Рӯзӣ қисмат асту агар ин ҷаҳон аз дурр пур шавад ҳам, агар рӯзии ту набошад, чизе барои ту нахоҳад шуд. Бояд таслим ва хушнуд буд.
Тарки ҷангу раҳзанӣ, эй зан, бигӯ
В-ар намегӯйӣ, ба тарки ман бигӯ.
Мар маро чӣ ҷойи ҷанги неку бад?
К-ин дилам аз сулҳҳо ҳам мерамад.
Гар хамуш гардӣ вагарна он кунам,
Ки ҳамин дам тарки хонумон кунам.
Зан чун мардро хашмгин дид, ба гиря афтод:
Зан чу дид ӯро, ки тунду тавсан аст,
Гашт гирён. Гиря худ доми зан аст.
Гуфт: «Аз ту кай чунин пиндоштам?
Аз ту ман уммеди дигар доштам».
Ман ҳар чӣ дорам, аз ту аст ва ҳар чӣ мекунам барои ту ҳаст. Агар ҳам аз нодорӣ менолам, дилам ба ту месӯзад:
Ту маро дар дардҳо будӣ даво,
Ман намехоҳам, ки бошӣ бенаво.
Ҳоло ки ту хашмгинӣ, аз гуфтаи худ пушаймонам. Ман бо дору нодории ту пухтаам ва ҳоло низ дил ба сабру таслим месупорам:
Аз фироқи талх мегӯйӣ сухун,
Ҳар чӣ хоҳӣ кун, валекин ин макун.
Зан ҳамчунон узрхоҳ буду ҳар дам ашки ӯ бештар мешуд. Мард аз гиряи ӯ дилаш барошуфт ва хашмаш фурӯ нишаст ва ба дилҷӯйӣ аз зан пардохт:
Рустами Зол ар бувад в-аз Ҳамза беш,
Ҳаст дар фармон асири золи хеш.
Гуфт Пайғамбар, ки зан бар оқилон
Ғолиб ояд сахту бар соҳибдилон.
Боз бар зан ҷоҳилон чира шаванд,
З-он ки эшон тунду бас хира раванд.
Кам бувадшон риққату лутфу видод,
З-он ки ҳайвонист ғолиб бар ниҳод.
Меҳру риққат васфи инсонӣ бувад,
Хашму шаҳват васфи ҳайвонӣ бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор