Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

– Гов хӯроки чошти шоҳу буз ғизои наҳору харгӯш ҳам шабчарони ӯ бошад. Шер аз тадбири рӯбоҳ шодмон шуду ба рӯбоҳ гуфт:
– Инчунин тақсимотро аз кӣ омӯхтаӣ?

Гуфт: «Эй рӯбаҳ, ту адл афрӯхтӣ,
Инчунин қисмат зи кӣ омӯхтӣ?
Аз куҷо омӯхтӣ ин, эй бузург?»
Гуфт: «Эй шоҳи ҷаҳон, аз ҳоли гург».
Гуфт: «Чун дар ишқи мо гаштӣ гарав,
Ҳар серо баргиру бистону бирав.
Рӯбаҳо, чун ҷумлагӣ моро шудӣ,
Чунат озорем? Чун ту мо шудӣ.
Мо турову ҷумла ишкорон туро,
Пой бар гардуни ҳафтум неҳ, баро.
Чун гирифтӣ ибрат аз гурги данӣ,
Пас ту рӯбаҳ нестӣ, шери манӣ.

Рӯбоҳи зирак он гоҳ шерро сипос гузошт, ки баъд аз гург ӯро маъмури тақсими шикорҳо кард, вагарна ӯ ҳам иштибоҳи гургро такрор менамуд ва мумкин буд ба сарнавишти ӯ дучор шавад.

Рӯбаҳ он дам бар забон сад шукр ронд,
Ки маро шер, аз пайи он гург хонд.
Гар маро аввал бифармудӣ, ки ту,
Бахш кун инро, кӣ бурдӣ ҷон аз ӯ?
Пас сипос ӯро, ки моро дар ҷаҳон,
Кард пайдо аз паси пешиниён.
То шунидем он сиёсатҳои Ҳақ,
Бар қуруни мозия, андар сабақ.
То ки мо аз ҳоли он гургони пеш,
Ҳамчу рӯбаҳ поси худ дорем беш.

ДОСТОНИ ДИДОРБИНИИ МАРДИ КАР АЗ ҲАМСОЯИ БЕМОРАШ

Ба марде, ки гӯши ношунаво дошт, хабар доданд, ки ҳамсояаш бемор шудааст ва хост хабар гирифта ӯро дилхуш кунад. Марди кар ба худ андешид, ки дидорбинии ҳамсояи бемор воҷиб аст. Аммо чун гӯши худаш намешунид, дармонд, ки ҳангоми аҳволпурсӣ чӣ бигӯяду бо бемор чӣ гуна гуфтугӯ кунад. Пас аз фикри зиёд ба назараш расид, ки бар тибқи одат аз бемор мепурсанд «Ҳолат чӣ тавр аст?» Ва ӯ хоҳад гуфт: «Бад нест». Дидоркунанда бояд бигӯяд: «Худоро шукр!» Баъд бояд пурсид: «Чӣ хӯрдаӣ ва табиб чӣ доруе додааст?» Ва бемор хоҳад гуфт, ки «фалон шарбат ё дору», ки дар баробари он бояд гуфт, ки «нӯши ҷон ва Худо онро гуворо кунад» ва дар охир, албатта, бояд пурсид: «Табиби шумо кист?» Ӯ номи табибро хоҳад гуфт ва ман бояд бигӯям: «Қадамаш муборак бошад».
Бо ин қиёсу пешбинӣ марди кар ба хонаи бемор рафт. Чун аз дар даромад, саломе гуфту он гоҳ:

Гуфт: «Чунӣ?» Гуфт: «Мурдам». Гуфт: «Шукр»,
Шуд аз ин, ранҷур пурозору нукр.

пешина
аз 176
навбатӣ