Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Пайғамбари акрам (с) дар ин маврид барҳақ фармудаанд: «Дар ҷони ҳар кас нафси ӯ душмани ӯ чу мор аст. Раҳоӣ аз ӯ ба тозиёна хӯрдан ва озор кашидан аст».

ДОСТОНИ ХИРСУ МАРДЕ, КИ ӮРО АЗ ЧАНГОЛИ АЖДАҲО НАҶОТ ДОД

Аждаҳое хирсро дармекашид,
Шермарде рафту фарёдаш расид.
Шермардонанд дар олам мадад,
Он замон, к-афғони мазлумон расад.
Бонги мазлумон зи ҳар ҷо бишнаванд,
Он тараф чун раҳмати Ҳақ медаванд.

Аждаҳое бар хирсе печида буд ва мехост ӯро фурӯ кашад. Ҷавонмарди зӯрманде расиду аждаҳоро кушт ва хирсро наҷот дод.

Хирс чун фарёд кард аз аждаҳо,
Шермарде кард аз чангаш раҳо.
Ҳилату мардӣ ба ҳам доданд пушт,
Аждаҳоро ӯ бад-ин қувват бикушт.

Хирс чун наҷот ёфт, ба дунболи мард монанди саги Асҳоби Каҳф дилбохтаи ӯ шуд. Ҳар ҷо мерафт, ҳамроҳи ӯ буд. Дар роҳ ба марди доное вохӯрданд. Чун он ҳардуро ҳамқадам дид, достонро пурсид. Мард гуфт: Аждаҳо ба ҷони ин хирс афтода буд. Ман онро куштаму хирс акнун бо ман дӯст шудааст. Ҳар ҷо меравам, ба дунболам равон аст. Марди доно гуфт:
– Ба дӯстии хирс дил мадеҳ, чун ӯ аз ҷинси ту нест, ҳайвони нодоне аст. Дӯсти нодон бадтар аз душмани доност. Беҳтар аст, онро ба ҳоли худ раҳо кунӣ, чун метарсам ба ту озоре бирасонад.
Мард хаёл кард, ки доно ин суханро аз рӯйи ҳасад мезанад ва гуфт:
– Ман хостори дӯсти вафодоре будам. Дар миёни одамиён пайдо накардам. Ба дӯстӣ бо ин хирс тан додам, чун ҳам сипосгузори ман асту ҳам посбони ман.
Доно гуфт:
– Ту иштибоҳ мекунӣ. Ҳар кас бо ҳамнавъу ҳамҷинси худ бояд дӯст шавад. Хирсро раҳо кун ва биё бо ман ҳамроҳ шав:

Ман кам аз хирсе набошам, эй шариф,
Тарки ӯ кун, то манат бошам ҳариф.
Бар ту дил меларзадам з-андешае,
Бо чунин хирсе марав дар бешае.

Ман метарсам, ки ин хирс ба ту осебе бирасонад, дилам ин тавр гувоҳӣ медиҳад.
Марди нодон панди доноро нашунид ва аз ӯ рӯй гардонду бо хирс ба роҳ афтод. Дар роҳ ба бешае расид, хаста шуда буд. Зери дарахте дароз кашиду ба хоб рафт. Хирс ба посбонии ӯ пардохт. Дар беша магас фаровон буд ва ба сару рӯйи мард менишастанд ва хоби ӯро ошуфта мекарданд. Хирс онҳоро меронд ва онҳо дубора бозмегаштанд. Охир хашмгин шуду санги бузургеро бардошта, ба сахтӣ барои кӯфтани магасҳо ба рӯйи марди хобида зад. Магасҳо париданд, аммо ҷони он марди нодон, ки панди доноро нашунида буд, низ бо магасҳо парвоз кард.

пешина
аз 176
навбатӣ