Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Акнун ту бояд ин розро нигоҳ дорӣ ва аз он чи имшаб гузашт, ба касе сухан нагӯйӣ. Дар ин ҳангом исроилиён дар майдон шодӣ мекарданд ва аз садои онҳо Фиръавн бедор шуд. Пурсид:
– Ин ғиреву садоҳо аз чист?
Имрон гуфт:
– Инҳо аз шавқи дидори шоҳ шодӣ доранд ва пойкӯбӣ мекунанд.
Фиръавн гуфт:
– Шояд ин сухан дуруст бошад, аммо ман аз ин садоҳо бӯйи шуме мешунавам. Ба майдон бираву бибин чӣ хабар аст?
Имрон ба майдон рафт ва бо чеҳраҳои ошуфтаву ғамгини ситорашиносон рӯ ба рӯ шуд. Зоҳиран онҳо дар осмон ситораи Мӯсоро дида ва дониста буданд, ки он чи Фиръавнро хуш намеояд, пеш омадааст ва аз тарси Фиръавн нигарон шуда буданд. Имрон чун ҳақиқатро дарёфт, ба онҳо бонг зад, ки чаро аз чунин ҳодисае пешгирӣ накардаед.

Узр оварданду гуфтанд: «Эй амир!
Кард моро дасти тақдираш асир.
Ин ҳама кардему давлат тира шуд,
Душмани шаҳ ҳаст гашту чира шуд».

Имрон, ки воқеиятро медонист, худро ошуфта нишон дод ва ба ҳузури Фиръавн давид, ӯро аз ҳодиса огоҳ сохт. Фиръавн дастур дод, ки ҳама ситорашиносонро ба ҳузураш биёваранд. Чун омаданд, фарёд зад:

«Ман шуморо бардарам в-оташ занам,
Бинию гӯшу лабонтон барканам.
Ман шуморо ҳезуми оташ кунам,
Айши рафта бар шумо нох(в)аш* кунам»

Ситорашиносон гуфтанд:
– Мо солиёни дароз хидмат кардем. Ин бор тақдир бар мо пешӣ гирифтааст. Пеши ту рӯсиёҳ шудем. Агар моро бибахшӣ, ҳангоми ба дунё омадани тифл чораи ӯро бикунем.
Фиръавн пазируфт ва нуҳ моҳ рӯзшуморӣ мекард. Рӯзе ситорашиносон ба ӯ гуфтанд, ки ҳама занонро ба майдон бихонанд, то бо навзодҳояшон ҳозир шаванд ва Фиръавн дастури ҳозиршавӣ дод.
Занони исроилӣ бехабар аз нияти шуми Фиръавн бо навзодҳои худ ба майдон омаданд, то шоҳро бубинанд ва аз ӯ ҳадя бигиранд. Ҳамин ки ҳама омаданд, Фиръавн фармон дод, ки кӯдакони писаронро бигиранду ҳамаро сар бибуранд. Аммо зани Имрон бо навзоди худ дар хона монд. Хабарчинҳо ба маъмурон хабар доданд, вале он зан, пеш аз ин ки онҳо бирасанд, ӯро ба амри Худо дар танӯр пинҳон кард. Оташ Мӯсоро насӯзонд. Аммо бори дигар ба Фиръавн гуфтанд, ки дар хона кӯдаке ба дунё омадааст. Боз ваҳй омад ва зани Имрон кӯдакро дар об андохт.

пешина
аз 176
навбатӣ