Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Худованд фармуд:
– Мардуме буданд, ки туро гунаҳкор медонистанд ва эҳтироми туро риё мехонданд. Мо бо дасти бурида туро барои кор имкон бахшидем, то онҳо ба ин ҳақиқат пай баранд, ки носипосӣ аз ту сар назада, балки барои шикастани аҳду паймон танбеҳ шудаӣ. Ин кароматро ба ту барои дили онҳо додам, ки ба ту бадбин набошанд ва бидонанд, ки бандаи дӯстдори мо ҳастӣ.

Ин каромат баҳри эшон додамат
В-ин чароғ аз баҳри он бинҳодамат.

ДОСТОНИ ШАЙХ ВА ХОНАВОДААШ

Буд шайхе, раҳнамое пеш аз ин,
Осмонишамъ бар рӯйи замин.

Дар рӯзгори пешин шайхе ботаҷрибаю некӯкор буд, ки дар миёни қавми худ чун раҳнамову пешво обрӯву эътибори баланд дошт. Паёмбари акрам (с) ҳам гуфтааст:
– Пири ботаҷрибаву доно пайғамбаре аст миёни мардуми худу хешонаш.
Як рӯз хонаводаи шайх ӯро сарзаниш карданд, ки чаро сангдил аст ва дар марги азизони худ гиряву зорӣ намекунад, ашке намерезад, гӯё дар дили ӯ раҳм нест.

Ту намегирӣ, намезорӣ чаро?
Ё ки раҳмат нест дар дил, эй киё!
Чун туро раҳме набошад дар дарун,
Пас, чӣ уммедастамон аз ту кунун?
Мо ба уммеди туем, эй пешво,
Ки бинагзорӣ ту моро дар фано.

Шайх гуфт:
– Гумон накунед, ки дар дили ман раҳм нест. Ман ба кофирон ҳам раҳм дорам. Агар касе санге ба саг бизанад, ӯро бозмедорам ва дуо мекунам, ки саг хӯи сагӣ надошта бошад, ба касе озор нарасонад, касе ҳам ба ӯ санг назанад. Ин ки дар балою мусибат ашк намерезам, аз имоне аст, ки ба Худо дорам. Чун муътақидам, ки ҳар чӣ аз Худованд мерасад, некӯ аст. Ӯ додгар аст ва ҳар чӣ мекунад, ба фоидаи мову росткории мост.
Занаш гуфт:
– Чӣ тавр мумкин аст, ки касе фарзандашро аз даст бидиҳад, вале ғамгин нашавад?
Мард гуфт:
– Эй зан! Онҳо чӣ зинда ва чӣ мурда аз ман дур нестанд. Ман ҳамеша онҳоро мебинам ва бо онҳо ҳастам.

Гарчи берунанд аз давру замон,
Бо мананду гирди ман бозикунон,
Халқ андар хоб мебинандашон,
Ман ба бедорӣ ҳамебинам аён.

Ман медонам, ки ҷонҳои онҳо зиндони танро шикастанд ва ба раҳмати Худованди Мутаъол пайвастаанд; ҷое рафтаанд, ки мо ҳам рӯзе хоҳем рафт, дер ё зуд якдигарро хоҳем ёфт.

пешина
аз 176
навбатӣ