Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин гуфтаҳои донишманди хориҷӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки қазияи аз Вахшонзамин будани Мавлоно Ҷалолиддин бофтаву сохта набуда, аз ҷониби олимони ховаршиноси Шарқу Ғарб тасдиқ ва мавриди таъйид қарор гирифтааст ва месазад, ки мо – тоҷикон ифтихор дошта бошем, ки ин донишманд ва мутафаккири бузург ҳаммиллат ва ҳамдиёри мост.
Қайд кардан месазад, ки ба муносибати ҷашни Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ шаҳрҳои Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон ва Қунияи Туркия бародаршаҳр эълон гардиданд ва дар оянда робитаи фарҳангии ду кишвари ба ҳам дӯст боз ҳам густурдатар ва мустаҳкамтар мегардад. Аз ҷониби дигар, гузоштани номи Ҷалолиддини Румӣ ба собиқ ноҳияи Колхозобод (Ҳаловарди бостонӣ) ва дар маркази вилояти Хатлон бунёди чаҳорбоғи Мавлоно Ҷалолиддин ва гузоштани пайкараи ин андешаманди бузург кори хайру наҷиб буда, ҳақиқати таърихиро дар бораи Вахшонзамин – зодгоҳи аслии ин абармард таъкид месозад, ки ҳамшаҳриёнаш ӯро аз ёд набаровардаанд ва хотираашро посу гиромӣ медоранд.

  • Ниг. Козими Баргнесӣ. Муқаддимаи «Куллиёти Шамси Табрезӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ бар асоси чопи шодравон Бадеъуззамон Фурӯзонфар, Теҳрон: интишороти «Фикри рӯз», 1381 шамсӣ, саҳ. 15.
    Мавлоно Ҷалолиддин бар асари ошуфтагӣ ва хунрезии замон ватани худро тарк намуд ва оқибат баъди саргардониҳои зиёд шаҳри Қунияи Румро ҷойи сукунати хеш қарор дод. Дар он сарзамини дурдасти илму адабпарвар аз подшоҳ то раъияти қаторӣ ҳурмату эҳтироми Мавлоноро ба ҷо меоварданд. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар китоби «Нафаҳот-ул-унс» дар бораи поёни умри Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чунин менависад: «Шайх Садруддин, қаддаса сирруҳу, ба аёдати вай (Мавлоно Румӣ) омад, фармуд, ки «Шафокаллоҳ, шафоъан оҷилан» рафъи дараҷот бошад, умед аст, ки сиҳҳат бошад, хидмати Мавлоно ҷони оламиён аст. Фармуд, ки баъд аз ин шафокаллоҳ шуморо бод! Ҳамоно ки дар миёни ошиқу маъшуқ пироҳане аз шаър* беш намонд рост, намехоҳед, ки нур ба нур бипайвандад?

Ман шудам урён зи тан, ӯ аз хаёл,
Мехиромам дар ниҳоётулвисол.

Шайх бо асҳоб гирён шуданд ва ҳазрати Мавлоно ин ғазал фармуд:

  • Шаър – мӯй.
пешина
аз 176
навбатӣ