Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Адаб беҳтар аз ганҷи Қорун бувад,
Фузунтар зи мулки Фаридун бувад.
Бузургон накарданд парвои мол,
Ки амволро ҳаст рӯзе завол.
Имон сӯи илму адаб тофтанд,
Ки номи накӯ аз адаб ёфтанд.
ДАР ОЛИҲИММАТӢ
Дар хабар омадааст, ки мардуми олиҳимматро ҳама дӯст медоранд ва аъмоли бузургро дар назари қабул мушарраф месозанд ва рафъати арҷманд бо ҳиммати баланд пайванд дорад, ки ҷудоии эшон аз якдигар маҳол аст.
Мурғи ҳиммат чу бол бикшояд,
Ғурфи иқболаш ошён бошад.
Пеши чавгони ҳиммати олӣ,
Камтарин гӯй осмон бошад.
Салотинро ҳиммати олӣ пешкорест кофӣ ва мададгории вофӣ (вафодиҳанда). Ҳар киро аз эшон ҳиммат бештар аст, қадами шавқат аз дигарон пештар аст:
Ҳиммат баланд дор, ки назди худову халқ,
Бошад ба қадри ҳиммати ту эътибори ту.
Яъқуби Лайсро дар мабдаи ҷавонӣ яке аз пирони қабила гуфт, ки хотирам ба моли тавонгарон аст, чӣ дар ин син, ки ту ҳастӣ ҳангоми истилои шаҳват аст ва ғалабаи наҳмат (мурод) дасти паймонаеро рост кун, то аз барои ту каримае аз хонаводаи бузурге бихоҳам. Гуфт: «Арӯсе, ки ман хуш кардаам дасти паймони ӯ омодааст». Пир гуфт: «Онро бар ман арз кун, то бубинам, ки чист ва аз арӯс нишон деҳ, то бидонам, ки кист?» Яъқуб ба хона даромад ва шамшере берун оварду гуфт: «Ман арӯси мамолики шарқу ғарбро хутба хоҳам кард ва дасти паймони ман ин теғи ҷавҳардор ва ин шамшери хушгузор аст:
Бе бахти нек ҳеҷ касеро ситез нест,
Меҳри арӯси мулк беҳ аз теғи тез нест.
Дар ин маъни гуфтаанд:
Арӯси мамлакат он мард дар канор гирифт,
Ки аввал аз гуҳари теғ дод коме беш.
Дар ин маъни боз чунин байти машҳур аст:
Арӯси мулк касе дар канор гирад чуст
Ки бӯса бар лаби шамшери обдор занад.
Овардаанд, ки он айём Искандар мехост, ки барои ҷаҳонгирӣ аз сарҳади Рум бар азимати забти мамолики арабу аҷам барафрозад ва рикоби ҳумоюн ба ҷиҳати тасхири барру баҳри олам ҳаракат диҳад, бағоят андешаноку малул буд. Арастуи ҳаким, ки вазири он ҳазрат буд, чун аломати фикрат ва нишони ҳайрат бар ҷабҳаи ҳолу носияи аҳволи ӯ зоҳир дид, гуфт: «Эй шоҳи ҷаҳон асбоби давлат муҳайё ва хадаму ҳашам дар мавқуфи бандагӣ ва фармонбардорӣ истода, хазонаи маъмуру мамлакат мавфури (зиёд, бисёр) бахт ба сифати ҳамешагӣ ороста ва ниҳоли давлат ба шарафи истиқомат пероста ва иқболи камари мувофиқат баста ва ҷоҳу ҷалол бар остонаи олӣ ба хизматгорӣ нишаста, таффаруки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор