Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Мебош ба ҷидду ҷаҳд дар кор,
Домони талаб зи даст магзор,
Ҳар чиз ки дил бар он гарояд,
Гар ҷаҳд кунӣ ба даст ояд.
Ва чунончи ба ҷидду ҷаҳд бинои бузурге тамхид (оростагӣ) меёбад ба зари ин сифат, ки батолату касолат (бекорӣ) аст асоси шавкат ва давлат дар ҳам мешиканад. Якеро аз онӣ Тоҳир савол карданд, ки сабаби заволи нӯлат ва интиқоли давлати шумо чӣ буд? Ҷавоб дод, ки шароби шаб ва хоби бомдод, яъне аз коҳилӣ ба кори мулк напардохтем ва аз касолат расми далерӣ барандохтем, лоҷарам сафинаи ихтиёри мо дар гирдоби завол ғарқа гашт ва киштии умеди мо ба соҳил нарасид:
Бинои давлати хеш он касе хароб кунад,
Ки шом мехӯраду субҳгоҳ хоб кунад.
ДАР СУБОТ ВА ИСТИҚОМОТ
Он пойдорӣ бошад дар кифояти муҳиммот ва мудовимат бар дафъи макқора ва мантиҷи (натиҷаи) фавоиди фаллоҳ (деҳқон). Наҷоти ҳеҷ зумраро аз тавоифи (тоифаҳои) халқ ба сифати суботи он вобастагӣ нест, ки мулукро чӣ то суботи подшоҳ ба ривояти фармонбардорон ва дафъи камъӣ (баркандан) мутамардон (саркашон) ва бадкирдорон наздики хосу ом равшан нагардад ва ҳашаму хадам сар ба хатои тоат ниҳанд ва аҳли бағӣ (аз дин гаштагон) ва фасод аз умури исъёну инод эҳтироз намоянд. Пас, мулкро ба суботи истизҳор аст ва мулукро аз ӯ истимдоду истибшор.
Ҳар сар ки ёфт афсарӣ аз гавҳари субот,
Дар иқтидор бигзарад аз чарх то субот.
Ҳакиме гуфтааст, ҳар ки хоҳад, ки асоси салтанати ӯ аз инҳидом (нобуди) амин бошад, бояд ки бинои кори худ бар суботу виқор ниҳад. Фард:
Бинои кор бинеҳ бар суботу эмна бош,
Ки ҳар бино, ки бар асл аст, пойдор бувад.
Марди собитқадам он аст, ки аз роҳи дарвеши худ ба дағдағаи ҳеҷ васваса рӯй барнагардонад. Ва аз расму тариқи ҷуд ба васвасаи ҳеҷ маҳус (гаронӣ, парешонӣ) инҳироф (рӯ натобад) наварзад, ки марде рафиқи наҷот ҷуз ба тариқи субот рӯй наменамояд. Чунон ки фармудаанд:
Ва аз тараддуд раҳи наҷот мадон,
Ҳеҷ хислат беҳ аз субот мадон.
Майл дорӣ ба рафъати дараҷот,
Дар маолӣ субот варз, субот.
Нишонаи субот ду чиз аст: Яке он ки дар ҳар коре ки шурӯъ менамояд, итмоми он бар зиммаи эҳтимом лозим донад. Овардаанд, ки Қайсари Рум аз Нӯшервон пурсад, ки бақои подшоҳӣ дар чист? Гуфт: «Ман ҳаргиз кор беҳуда нафармоям ва ҳар муҳимме, ки ба он амр кунам ба итмом расонам». Қайсар фармуд, ки ҳама ҳукамои Юнон ҳамин гуфтаанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор