Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Ҳаст тавофи ҳарами кирдугор,
Дар ду ҷаҳон воситаи иқтидор.

Ашрофи мамлакат ва аркони давлат ба мавқуфи арз расонидаанд, ки эй малик, шарти адои ҳаҷ амнияти тариқ аст ва салотинро душмани бисёр бошад. Агар бо хайлу ҳашам азимат намоӣ таҳияи эшон дар ин роҳи дуру дароз таъаззуре тамом дорад ва агар бо андак мулозиме таваҷҷӯҳ фармоӣ хатароти кулли мутасаввир (омодагӣ) аст ва дигар султон дар балад ҳукми ҷон дорад ва дар ҷасад вақте ки сояи давлати он ҳазрат аз мафориқи раоё (халқ) дур шавад ҳараҷу мараҷ (номувофиқат) падид ояд.

Тамоми муҳими хосу ом аз силки интизом берун равад ва султон фармуд, ки чун сафар муяссар намешавад чун кунам, ки савоби ҳаҷ дарёбам ва аз баракати ин тоат баҳраманд гардам. Гуфтанд дар ин вилоят дарвеше аст, ки муддатҳо муҷовирати ҳарим карда ва шасти ҳаҷ бо шароити он ба ҷой оварда, ҳоло дар гӯшаи узлат нишастааст ва дари омад бар халқ баста:

Шояд ки савоби ҳаҷе тавон харид ва аз масуботи (савоби) он ба ҳаззе (баҳра) комил тавон расид. Подшоҳ аз сидқи ақидате, ки дошт ба хизмати дарвеш рафт ва дар аснои сухан фармуд, ки маро орзуи ҳаҷ аз замир сар барзадааст ва ургони давлат силоҳ дар таваққуф мебинанд ва истимоъ афтод, ки туро ҳаҷ бисёр аст, чӣ шавад, ки савоби як ҳаҷ ба ман фурӯшӣ, то ту ба навое (тӯша) расӣ ва ман ба савобе. Дарвеш гуфт: «Ман савоби ҳама ҳаҷҳоро ба ту мефурӯшам». Подшоҳ пурсид, ки ҳар ҳаҷ ба чанд мефурӯшӣ? Гуфт: «Ҳар гоме ки бардоштаам дар ҳар ҳаҷе ба тамоми дунё ва ҳар чӣ дар дунёст».

Султон гуфт: «Аз дунёву матои дунё миқдори андаке беш дар тасарруфи ман нест ва ин баҳои як қадам намешавад. Пас, ҳаҷе чӣ гуна тавонам харид ва бар ин тақдир баҳои ҳама ҳаҷҳо дар хаёл чун кунам гузаронид». Дарвеш гуфт: «Шод бош самани ҳамаи ҳаҷҳои ман пеши ту осон аст». Шоҳ гуфт: «Чӣ гуна?» Гуфт: «Чун дар қазияи мазлуме адл кунӣ ва як соат ба муҳими додхоҳӣ пардозӣ савоби он ба ман бахш, то ман савоби шаст ҳаҷ ба ту бахшам ва ҳанӯз сарфа бурда бошам ва дар ин савдо суде бисёр карда». Пас, маълум шуд, ки султонро баъд аз иқомати фарбиз ва суннан (фоида) ҳеҷ тоате воҷибтар аз иштиғол (шуғл) ба масолеҳи бандагон нест. Ба сифати насфат (пароканда) зистан, ба назари адолат ва ҳимояти раият нигаристан, чӣ агар ҳимояти адолат набошад, арбоби қуввату шавкат море (ҳалок) аз заъфҳои халқ бароранд ва чун заифҳолон ҳалок шаванд, ақвиё (қувватдорон) низ бар ҷой намонанд, чӣ маъишати халойқ бо якдигар бозбастааст ва интизоми аҳволи мардум ҷуз ба адл мумкин нест:

пешина
аз 242
навбатӣ