Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

1 Гандапир — бисёр пир.

гиред». Маъмун мутаассир шуд ва бигиристу гуфт: «Ӯро бигзоред, ки ҳукми маҳкам ва нишони мубрам (қатъӣ) овардааст...».

Овардаанд, ки Амри Лайс якеро ба сухани соҳибғаразе маҳбус сохт. Модари он кас арзаддошт навишта, бар сари роҳи Амрӯ биистод ва чун Амрӯ бирасид, пиразан ба таъҷил коғаз боз мекард, ки ба дасти Амрӯ бидиҳад. Маркаби Амрӯ тунд буд ва рамид. Амрӯ мутаҳайир шуд ва бифармуд, то он заифро дур карданд. Ва аз он ҷой даргузашт. Боз оҷуза ба сари роҳ омад ва биистод, то Амрӯ бозгузашт ва дигар бор пеш омад ва тазаллум намуд. Амрӯ пурсид, ки ин чӣ кас аст? Гуфтанд: «Модари фалон маҳбус аст». Амрӯ аз ӯ мутағайир буд. Рӯй бигардонд ва илтифот накард. Пиразан гуфт: «Эй малик! Ҳукми ту дар бораи писари бегуноҳи ман чист?» Гуфт: «Он ки ӯро сад чӯб бизананд ва рӯяш сиёҳ кунанд ва гирди шаҳр бигардонанд ва нидо кунанд, ки ҳар ки дар ҳазрати султон осӣ шавад, сазои вай ин аст». Пиразан гуфт: «Ин ҳукм ту мекунӣ?» Гуфт: «Оре, ман ин ҳукм мекунам». Гуфт: «Пас ҳукми Худо куҷо шуд, ки ҳар ҳукме, ки ту хоҳӣ, кунӣ?!». Аз ҳайбати ин сухан ларза бар Амрӯ афтод ва беҳуш шуд ва чун ба худ омад, бифармуд, то маҳбусро аз зиндон берун оварданд ва ҳилъати хос бар ӯ пӯшонида, ба маркаби хос савор карданд ва гуфт: «Ӯро дар шаҳру бозор бигардонед ва мунодӣ кунед, ки ҳар ҳукме, ки Худо кунад, Амри Лайс кӣ бошад, ки хилофи он дар хотир гузорад?»:

Ӯ ҳоким асту мо ҳама маҳкуми ҳукми ӯ,
Моро чӣ эътибор бувад, ҳукм ҳукми ӯст.

Рукни дигар хулуси покии ният аст дар боби раият ва ба некхоҳии эшон моил будан, чӣ нияти подшоҳро дар ин боб асари томм аст аст. Агар нияти адл кунад, баракати ҷамъият натиҷа диҳад. Ва агар ба хилофи ин бошад, баракат аз маҳсул биравад ва ақди ҷамъияти раият гусехта гардад. Шайх Саъдӣ фармуда:

Дар он кӯш то ҳарчӣ ният кунӣ,
Назар дар салоҳи раият кунӣ.
Ки султон агар нияте бад кунад,
Муҳими ҷаҳоне ба ҳам барзанад.

Овардаанд, ки подшоҳ Кубод рӯзе дар шикор аз лашкар ҷудо афтод ва ҳаво гарм шуду аз ташнагӣ бетоқат гашта ҳар тараф менигарист ва сояву сарчашмае металабид.

пешина
аз 242
навбатӣ