Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Ҳусайн Воиз дар фароҳам овардану ҷо ба ҷо гузоштани бобҳои асари хеш аз осори ахлоқии мутафаккирони пешин ба маврид истифода мекунад. Дар «Ахлоқи Муҳсинӣ» нақши тобдори «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ, «Кимиёи саодат»-и Имом Муҳаммади Ғаззолӣ, «Кашф-ул-маҳҷӯб»-и Абулҳасан Алӣ ибни Усмон Ҷуллобии Ғазнавӣ, «Асрор-ут-тавҳид фи-мақомот»-и Шайх Абусаиди Абулхайр, «Қобуснома»-и Унсурмаолии Кайковус, маснавиҳои Саноиву Фаридуддини Аттор ва Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, ҳамчунин бисёр абёти ҷудогонаи шоирони классикӣ пеш аз Ҳусайн Воизро пайдо менамоем. Аз ин рӯ «Ахлоқи Муҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ дастагуле андар миёни гулистони ахлоқи неки инсонист, ки дар он достони ҳунарманди боғбони хушсалиқа беҳтарину ҷолибтарин гулҳои атрину рангини адабро гирдоварӣ намуда, чанбаргули ҷовидонаи ахлоқи ҳамидаро мукаммалтару боҷилотар пешкаши ҳаводорони фарҳангу тамаддуни мардуми Аҷам намудааст.
Барои далели фикр ба боби бисту якум, ки «Дар саховату эҳсон» унвон гирифтааст, назар меафканем. Ҳусайн Воиз оид ба саховат фикру андешаи худро чунин иброз медорад: «Саховат сабаби некномӣ ва эҳсон мӯҷиби дӯсткомиву хуҷастафарҷомӣ аст. Ва ҳеҷ сифате одамиёнро ва хусусан ашрофу бузургони эшонро беҳ аз ҷуду сахо нест:
Шарафи мард ба ҷуд асту каромат ба суҷуд,
Ҳар ки ин ҳарду надорад, адамаш беҳ зи вуҷуд...
Аз ҳакиме пурсиданд: Айбе, ки маҷмӯи ҳунарҳо бад-ӯ махфӣ монад, чист? Ҷавоб дод, ки бухл. Боз савол карданд. Ҳунаре, ки ҳама айбҳоро бипӯшонад, кадом аст? Гуфт: сахо...
Искандар аз Арасту пурсид, ки саодати дунё дар чӣ чиз аст? Гуфт: дар ҷуду карам...
Ва фазилати ҷуд яке он аст, ки дилҳои халоиқ ҷавонмардонро дӯст дорад, гарчанд ки аз эҳсон баҳрае бад-эшон нарасида бошад.
Масалан, агар мардуми Хуросон бишнаванд, ки дар Ироқ марде кариму ҷавонмард аст, ҳама ӯро дӯст хоҳанд дошт ва бар ӯ офарин хоҳанд гуфт. Балки агар каримеро, ки дар қайди ҳаёт набошад, ёд кунанд, ҳама кас санои ӯ гӯянд. Чунончи, Ҳотами Тойро, ки дар таърихи таълифи ин рисола, ки нӯҳсаду ҳафт сол аст аз вафоти ӯ, ҳанӯз баҳори зикраш ба раёҳини офарин ороста аст ва чамани некномияш ба перояи санову таҳсин пероста:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор