Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳусайн Воиз айнан ҳамин ҳикоятро бо иловаи чанд бисёр фасеҳу равон нақл мекунад: «... Қайсар вазири худро гуфт, ки хабари саховати Ҳотам дар Арабу Аҷам фош шуда, васияти ҷавонмардӣ ва мурувваташ аз Қоф то Қоф фурӯ гирифта ва ман шунидаам, ки бад-ин сифат аспе дорад. Мехоҳам, ки нақди ӯро бар маҳаки эътибор ва сурати даъвии ӯро дар маҳкамаи маънӣ ва ҷоҳи ламоӣ ям...»
Ҳикояи дигар дар боби зикргардидаи «Бӯстон» низ чунин омадааст:

Надонам кӣ гуфт ин ҳикоят ба ман?
Ки будаст фармондеҳе дар Яман.
Зи номоварон гӯйи давлат рабуд,
Ки дар ганҷбахшӣ назираш набуд.

Вале бо ин ҳама бахшишу карам номи Ҳотам миёни мардум аз номи ӯ боло меистод. Ӯ аз Ҳотам рашк бурда, хост, ки ба воситаи ҷосусӣ Ҳотамро кушад. Ҷосус ба роҳ баромад ва ба қабилаи Ҳотам расид ва меҳмони ӯ гашт. Ҳотам ба меҳмон лутфу марҳамати зиёд намуд. Дар охир аз асрори меҳмон хабардор гардид:

Бихандид барпо, ки Ҳотам манам,
Сар инак ҷудо кун ба теғ аз танам...

Ҷосус аслиҳаро ба яксӯ партофта, дасту пои Ҳотамро бӯсид ва ба назди фиристодаи худ баргашта гуфт:

Ки «дарёфтам Ҳотами номҷӯй,
Ҳунарманду хушманзару хубрӯй.
Накӯрою соҳибхирад дидамаш,
Ба мардонагӣ фавқи худ дидамаш.
Маро бори лутфаш дуто кард пушт,
Ба шамшери эҳсону лутфам бикушт».

Ҳусайн Воиз ҳамчун ин ҳикояти дар «Бӯстон» овардаи Саъдиро низ бо иловаҳо нақл мекунад: ...«Малики Яман биранҷиду ирқи ҳасадаш дар ҳаракат омада ба худ андеша кард, ки ҳеҷ гуна забони аҳли замон аз зикри Ҳотам хомӯш нест ва сифати накӯкориву меҳмондории ӯ бар дили мардумон фаромӯш не. Пас, ҳамон беҳтар, ки ба дастёрии маллоҳии фикр киштии умри ӯро дар ғарқоби фано афканам ва ба мададгории устоди андеша рақами номи ӯро аз лавҳи зиндагонӣ маҳв кунам». Ва айнан ин байти Саъдиро далели фикр меорад:

Ки то ҳаст Ҳотам дар айёми ман,
Ба некӣ нахоҳад шудан номи ман.

Аз муқоисаи иҷмолии ин ҳикоят чунон ба чашм мехӯрад, ки Ҳусайн Воиз дар тарҳрезӣву фароҳам сохтани «Ахлоқи Муҳсинӣ» асосан афкори ахлоқии худро ба пояи далелу асноди боэътимоди машҳургардидаи пешин корбандӣ менамояд ва албатта аз чанд натиҷаи ҷавонмардона барканор намемонад: Аввал, саховати Ҳотам саховати як инсони дорову ғанӣ нисбат ба ҳамхелон на ба хотири шӯҳрат ва воломақомӣ будааст.

пешина
аз 242
навбатӣ