Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Аммо ғайрат ба нисбати умуми халқ чунон аст, ки ғайрате ки бар пардагиёни ҳарами салтанат дорад нисбат бо ҳарами мусулмонон ба ҷой орад ва нагузорад, ки аз мулозимони даргоҳи олампаноҳ бадноми ба хонадони мардум, ба номус расад ва дар инқишофи мусулмонон саъйе нанамояд ва уюби (айбҳои) раойи (мардумони) мамлакати худ ба қадри имкон пӯшида дорад ва дар ҳадис омада, ки ҳар ки айби мусулмоне пӯшад, худои азза ва ҷал уюби ӯро пӯшад ва дар ривояте ҳаст, ки гуноҳони ӯро дар дунё ва охират пӯшида дорад:
Масале ҳаст, ки устур сутуруллоҳи алайка,
Пардаи кас надорӣ кас надорад пардаи ту.
Ҳиммат ҳамон ғайрат аст, ки дар ҳимояти холи худ ва камоли ғайрат он аст, ки чун касе паноҳ ба вай орад, ӯро зинҳор дода ба ҳусни ҳимояти худ дарҷ варад, то мумкин бошад, зинҳордодан худро зоеъ нагузорад. Дар Араб дастур буда ва ҳоло ҳам дар вилояти Хиҷоз ҳаст, ки чун касе дар сояи девори эшон фуромадӣ, ӯро ҷавор (паноҳ) додандӣ, бе он ки ба забон зинҳор хостӣ, зинҳори худро ба дасти касе боз надоданӣ. Ва бисёр мол дар ин кор сарф карданӣ, балки хунҳо рехтандӣ ва аз сари ин кор дарнагузаштандӣ ва баъзе ҷонварон низ, ки ба хаймаи эшон паноҳ овардӣ, ё ба чарогоҳи эшон даромадӣ, ҳимоят кардандӣ.
Овардаанд, ки Баҳроми Гӯр вақте дар диёри Араб бо Нӯъмони Манзар мебуд ва Нӯъмон ӯро ба амри падараш — Яздигурд тарбият мефармуд. Рӯзе дар шикор қасди оҳуе кард ва оҳу аз пеши ӯ даррасида ҳар тараф мегурехт ва Баҳром аз ақиби ӯ метохт. Ҳаво гарм шуд, оҳу аз ташнагӣ бетоқат гашта ба канори қабилае расид ва ба хаймаи Қабиса ном арабе даромад. Баҳром ба дари хайма расид, тир ба камон ниҳода наъра зад, ки эй соҳиби хона, шикори ман ин ҷо омад, берун ор! Қабиса надонист, ки кист. Гуфт: «Эй савори зеборӯй! Мурувват набошад, ки ҷонваре, ки паноҳ ба ин хайма оварда бошад, ба дасти касе боздиҳам, то бикушад!»
Баҳром дуруштӣ оғоз кард. Қабиса гуфт: «Сухандарозӣ макун! То ин тир, ки ба камон дорӣ, бар синаи ман назанӣ ва маро накушӣ, дасти тасарруфи ту ба гардани ин оҳу нарасад.
Ва он дам маро бикушӣ, мардуми қабилаи ман туро ба ҷустуҷӯи оҳу нахоҳанд гузошт. Бар ҷони худ раҳм кун ва аз сари ин оҳу даргузар. Агар таваққуъе дорӣ, ин аспи тозинаҷодро, ки бар дари ин хайма баста аст, бо зину лаҷоми муталло (тилло давондашуда) ба ту додам, савор шав ва аспи худро ҷонибат (кӯтал соз) ва ба мақоми худ бозгард». Баҳромро ин ҳимоят хуш омад ва ба аспи ӯ илтифот нанамуда, инон баргардонида рафт. Он рӯз, ки тоҷи салтанат бар фарқи ҳиммати ӯ ниҳоданд ва Аҷам тавқи фармони ӯ дар гардани итоат афканданд, Баҳром Қабисаро талабид ва тарбият кард ва ӯро дар Араб «муҳомир-ул-ғизлон» лақаб карданд, яъне зинҳордиҳандаи оҳувон ва ҳимояткунандаи эшон. Назм:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор