Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамчунин зумрае аз мушаххасоти ин илмро ба зевари табъ бармекашад: «Бидон, ки ҳукамо дар мақомоти худ гуфтаанд: «Ранги сафеди муфрад бо кабӯдӣ ва сабзин чашм нишони сахтрӯй ва бешармӣ ва хиёнату фисқ ва заъфи ақлу рақоқати рой аст». «Тезин назар, паҳнпешонӣ ва бар сар мӯи бисёрдор аз мори афъӣ бадтар аст». «Мӯи нарм нишони баддилӣ ва тарсандагӣ бошад». «Бисёрии мӯи бар китфҳо нишони ҷуръату ҳамоқат ва бисёрии мӯи бар синаву шикам нишони ҳамоқати табъ ва кундфаҳмӣ ва майл ба ҷавр аст». «Зардин мӯи нишони ҳамоқат ва зудҳашмист». «Пешонии фарох, ки бар вай хутут, яъне чину шиканҷ набошад нишони ҳусумат ва маломат ва лофу газоф бувад». «Пешонии нахиву борик нишони фурӯмоягӣ ва оҷизӣ бошад». «Гӯши бузург нишони ҷаҳл аст ва лекин соҳиби онро қуввати ҳифз бошад ва тундхӯй бувад, гӯши хурд нишони аҳмақӣ ва дуздӣ бошад». «Абрӯи бузурги бисёрмӯй нишони дуруштӣ бувад дар сухан. Абрӯи кашида то наздики гӯш нишони лофу такаббур ва дурӯғгӯй бувад»...

Ҳамин тавр, ҳар узви инсон мушаххасоту хусусияти хосаеро доро будааст, ки онро пардапӯш намудан муҳол мегардад. Албатта аз рӯи чунин нишонаҳо ҳукми қатъӣ баровардан низ ҷоиз нест, вале мушаххасоти мазкур тақозо менамояд, ки инсон комилан аз аломатҳои мутазаккира вораста ҳам набудааст. Ба назари мо омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи чунин ангезаҳои илми фаросат ба тамоми мардум, махсусан ба ононе, ки соҳиби тахту ҷоҳ, роҳбарони корхонаву созмонҳои ҳизбӣ ва амниятиву давлатӣ мебошанд, зарур аст, чунки афроди гандумнамоёни ҷавфурӯш андаруни ҷомеаи поки мо низ кам нестанд. Ин зумраи корчаллону назарфиреб ҳамеша бар он мекушанд, ки зоҳирнамоӣ ва авомфирибӣ карда, обро лой намуда бе шаст моҳии заррин ба даст оранд. Бе заҳмат соҳиби сарвату давлат ва ҷоҳу мансаб гардида мароми моҳи мусаффову беғаши бонизоми ҷомеаро хатчадор ва бенизом созанд.

Ҳусайн Воиз аз зарбулмасалу андарзҳои мардумӣ мисли: «Бубин тавофути роҳ аз куҷост то ба куҷо», «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд», «Аввал андеша ва баъд гуфтор», «Дев чу берун равад, фаришта дарояд», «Дидаи дӯст айбпӯш бувад», «Дурӯғ бефурӯғ аст», «Душман саркӯфта беҳ», «Ёри беайб маҷӯ то ту намонӣ бе ёр» ва дигаронро ҷо андар ҷову бамаврид истифода мебарад.

пешина
аз 242
навбатӣ