Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Сиёсат писандида бошад басе,
Валекин нагӯем бо ҳар касе.
Бихӯр мардумозорро хуну мол,
Ки аз мурғи бад канда беҳ парру бол.
Овардаанд, ки дар аҳди Нӯшервон золиме заиферо таппонча зад ва пеши Нӯшервон омада арз намуд. Нӯшервон фармуд, то золимро ба сиёсатгоҳ бурданд ва гардан бизаданд. Яке аз хосон гуфт: «Аҷаб доштам аз малик, ки одамеро ба ин қадар ҷиноят беҷон сохт».
Нӯшервон гуфт: «Ғалат кардӣ! Ман одамеро накуштам, балки гургереро беҷон кардам ва мору каждумро ҳалок гардонидам»! Байт:
Касе, кӯ пеша кард озори марде,
Ба маъни бадтар аст аз мору каждум.
Овардаанд, ки Хусрави Парвиз аз бузурге пурсид, ки аз табақоти халқ лоиқи сиёсат кист? Гуфт: «Эй малик, халоиқ панҷ табақаанд: Аввал, онҳо, ки дар зоти худ неканд. Аз эшон ҳама некӣ ба халқ мерасад, эшонро тақвият бояд кард, бо эшон сӯҳбат бояд дошт. Дуввум, ҷамъе ки ба худ неканд, ва аммо асари некӣ эшон ба касе намемерасад, эшонро азиз бояд дошт ва бар хайр таҳрис бояд кард. Саввум, гурӯҳе ки миёнаҳол бошанд, яъне аз эшон на хайр ба мардум расад ва на шарр. Яъне дар зоти худ на хайр бошанд ва на шарр. Эшонро роҳи хайр намуд ва аз шарр таҳзир (парҳез) бояд фармуд. Чаҳорум, тоифае, ки эшон бад бошанд. Аммо ба кас бад нарасонанд, эшонро хор бояд дошт, то тарки бадӣ кунанд. Панҷум, фирқае, ки ҳам бад бошанд ва ҳам бадии эшон ба мардум расад, эшонро сиёсат бояд кард ба ваъдаву таҳдид он гаҳ зарб, пас ҳабс ва охир қатл». Фард:
Оташеро, ки халқ аз ӯ сӯзад,
Ҷуз ба куштан илоҷ натвон кард.
Ва яке дигар аз фавоиди сиёсат таскини фитна аст, чи мардуми фитнаангез чун бинанд, ки оташи сиёсат тез аст дар гӯша гурезанд ва агар андак рахнае дар кори сиёсат мушоҳида равад ҳазор фитна бар пой кунанд ва аз ҳар ҷиҳате шӯру шайъе ба зуҳур расонанд. Назм:
Агар султон нафармояд сиёсат,
Занад ҳар нокасе лофи риёсат.
Бало бар ҳам занад рӯи заминро,
На давлатро бақо бошад на динро.
Чу мардум забт дар кишвар набинанд,
Ба ҷуз фитна роҳи дигар набинанд.
Ва ҳам дар ин боб гуфтаанд. Қитъа:
Агар на ҳайбати шамшери подшоҳ бувад,
Чи шӯрҳо, ки ба як дам зи шаҳр бархезад.
Касе ки дасти чап аз дасти рост нашиносад,
Ҳазор фитна чу дасташ диҳад, барангезад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор