Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Бар дили поки аҳли давлату дин,
Файзи илҳом мерасад зи худо.
Дар рахи ҳақ ғалат нахоҳад кард,
Ҳар киро нури ӯст роҳнамо.

ДАР КИТМОНИ АСРОР

Яке аз одоби мулкдорӣ пӯшидани асрор аст ва дар ифшои умури мулкӣ хатарҳои бешумор аст. Ва сухани машҳур аст. Се чизро пӯшида бояд дошт: Аввал, сафарро, яъне аз мақсади роҳи худ касеро набояд хабар кард, ки душманон бисёранд. Дуюм, мақсади худро ба касе нагуфт, ки ғаммозон ва хусудон бисёранд. Сеюм, моли худро мастур бояд дошт, ки аҳли тамаъ бешуморанд. Балки ҳар сирре, ки дорӣ махфӣ беҳтар аст, зеро ки маҳрами асрор дар олам камтар аст. Маснавӣ:

Манеҳ сирри худ бо касе дар миён,
Ки маҳрам набинӣ зи аҳли ҷаҳон.
Бигзаштам дар атрофи олам басе,
Надидам зи ёрони маҳрам касе.

Ҳукамо фармудаанд, ки замири одамӣ аз ду берун нест ё нишони неъмат аст ё баёни меҳнат. Ва ин ҳарду пинҳон доштанист. Агар бахшишҳо неъмат аст, ниҳон бояд, то чашми хусудон бар он кора накунад ва аз офати аҳли тамаъ эмин монад ва агар навоиби (мусибати) меҳнат аст, ҳам махфӣ бояд дошт, то дӯстонро сабаби малол нашавад ва душманонро сабаби хурсанди нагардад.

То тавонӣ сирри худ бо кас магӯ,
З-он ки он сир шодӣ орад ё малол.
Гар ғаме бошад шавад дилҳо малул,
Вар бувад, шодӣ расад айнулкамол.
ПАС даруни хилвати асрори хеш,
Ҳеҷ касро раҳ мадеҳ дар ҳеҷ ҳол.

Яке аз ҳакиме пурсид: «Агар маро дар хотир сирре нагунҷад, бо кӣ гӯям, ки онро нек нигоҳ дорад ва ифшо накунад?» Ҷавоб дод, ки ҳар гоҳ сирре, ки туро бо он кор аст, худ нигоҳ натавонӣ дошт ва зоҳир кунӣ, касеро ки он даркор нест, чаро нигоҳ дорад ва нагӯяд. Байт:

Чун ту натавонӣ кашидан бори худ,
Ёр агар накшад, маранҷ аз ёри худ.

Овардаанд, ки Искандар сирре аз асрори худ бо яке дар миён оварда буд ва дар муҳофизати он муболиға карда. Ногоҳ он сир аз вай сар барзад ва бар гӯши Искандар расид. Искандар ба ҳаким Ҷолинус гуфт: «Уқубати касе, ки сирри касе, фош кунад чист?» Ҳаким гуфт: «Равшантар фармо». Искандар гуфт: «Ман ба фалон кас сир дар миён ниҳодам ва ӯ ифшо кард ва ман аз ӯ ранҷидаам ва мехоҳам, ки ӯро ба сазои ҷазо расонам». Ҳаким гуфт: «Эй малик, аз ӯ маранҷ ва ӯро уқубат макун, ки сирри худро худ ифшо кардаст, бо он ки сирри ту туро муҳим буд, борӣ он натавонистӣ кашид, агар дигаре таҳаммули он бор накунад баъид (аз эҳтимол дур) набошад». Қитъа:

пешина
аз 242
навбатӣ