Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Зиёд дар фикр фурӯ рафт ва пайки андешаро ба атрофу ҷониб фиристод ва ба ҳеҷ ваҷҳ ошноие аз ӯ надошт. Гуфт: «Баён кун, то ҳамсоягӣ дар кадом маҳалла буда ва ҳаққи ҷивор дар кадом диёр собит шуда».
Гуфт: «Хонаи падари ман дар Басра ба хонаи амир ҳамостону падарам ба мулозимони амир ҳамдостон буд». Зиёд гуфт: «Падари туро чӣ ном буд?» Гуфт: «Эй амир, аз ҳавли ҷон номи худро фаромӯш кардам, чӣ ҷои номи падар аст». Зиёд бихандид ва он бечораро бахшид. Фард:
Лаим ними гунаҳ бо ҳазор узр набахшад, Ба як латифа каримон ҳазор ҷурм бибахшад.

Дигар риояти ҳуқуқи руаё (халқ) ба адлу эҳсон аст ва ҳуқуқи авлоду имроди вузаро ва мулозимону сипоҳиёну ходимон дар бобе ба охир самти гузориш хоҳад ёфт.

ДАР СУҲБАТИ АХЁР

Мусоҳибати некон ва маҷлисати доноён саодати абадист ва роҳнамои давлати сармадӣ!
Маснавӣ:
Меҳри покон дар миёни ҷон нишон,
Дил мадеҳ илло ба ҷамъи сархушон.
Нори хандон боғро хандон кунад,
Сӯҳбати мардонат аз мардон кунад.
Санг гар хорову гар мармар бувад,
Чун ба соҳибдил расад гавҳар бувад.

Мулуки форсро қоида он буд, ки ҳаргиз сӯҳбати эшон аз ҳукамову фузало холӣ набудӣ ва ҳеҷ ҳукм бе машварати эшон накардандӣ. Аз ҷиҳате, ки бинои салтанат бар адолату ростӣ ниҳодаанд, мамлакати эшон чаҳор ҳазор сол даркашид ва Султон Санҷар ҳаким

Умари Хайёмро бо худ бар тахт нишондӣ ва хулафои Аббосӣ бо он ки худ донишманд буданд, ҳамаи ҳаллу ақди эшон ба каломи аҳли илм будӣ... ва дар хилофатномаи илоҳӣ мазкур аст, ки подшоҳ касеро тавон гуфт, ки соҳиби шавкат бошад ва ҳукми ӯ бар вафқи ҳикмат бувад. Пас лозим аст, худованди қудрати комилро муттасиф шудан ба ҳикмат ва ин иттисоф бар ин ваҷҳ даст диҳад, ки чигунагии тадбиру тасарруф дар ин ҷаҳон биёмӯзад ва бар ваҷҳи омӯхта ба кор барад. Бар ин тақдир ӯро ба мусоҳибат ва мухолифати уламову фузало ва ҳукамову урафо майл бояд намуд ва аз ҷоҳилону ғофилон ва бадхоҳон эҳтироз бояд фармуд. Назм:

Ҳамнишине, ки латифу комил аст,
Роҳати рӯҳ асту ороми дил аст.
В-он ки нодониву ғафлат васфи ӯст,
Сӯҳбаташ монанди заҳри қотил аст.

Юнониёнро расм он буда, ки ҳокими эшон касе бошад, ки илму ҳикмати ӯ аз ҳама уламову фузалои замон бештар бувад. Ё касе, ки (ба) манзури назару маҳкам(и) ҳукм марди олиму (донишманд) ҳаким бошад, то асари сӯҳбати ӯ анвори фазилат бар сафаҳоти ҳоли ӯ лоиқ гардад, ки сӯҳбатро асари азим аст. Дар ахбор омада, ки ҳамнишини нек мисли атторест, ки аз атри худ чизе ба ту надиҳад, боре аз роиҳаи ӯ баҳраманд гардӣ ва мисли қарини бад монанди кӯраи оҳангар аст, ки агар ба оташи он насӯзӣ, аммо аз дуду бухори он тира гардӣ. Маснавӣ:

пешина
аз 242
навбатӣ