Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Дигар гурӯҳ соҳибғаразанд, ки ҳар чӣ кунанд ғараз дошта бошанд, на аз рӯи ихлосу ҳаводорӣ сухан ба арз расонанд.

Ҳушанги малик дар дастур фиристода, ки аз мутоибату мувофиқати асҳоби ғараз домани аъроз ва эҳтироз дарбояд чид, ки соҳибғаразон аз сари даъвои бемаънӣ лофи ҳавохоҳӣ зананд ва ҷавҳари ҳасанотро дар риштаи сайъот кашанд ва феъли ҷамилу кирдори некӯро дар сурати зишт бознамоянд:
Мадеҳ роҳ соҳибғараз пеши хеш,
Зи соҳибғараз мешавад сина реш.
Ки ӯ ҷумла тазвиру макру фан аст,
Бурун дӯст дорад, дарун душман аст.

Ва чун маълум шуд, ки ғаразгӯён ба тазвире, ки тадбир ном кардаанд, бадиро ба некӯӣ баргузоранд ва хубиро зиштӣ дар шумори овардаанд. Пас бе таҳқиқ сухани эшонро ҳукм набояд фармуд ва дар тафахҳуси каломи ин қавм муболиға бояд намуд. Маснавӣ:
Чу арбоби ғараз лаб баркушоянд,
Некӯиро ба зиштӣ менамоянд.
Ба куллӣ то сухан равшан нагардад,
Касе бояд, ки пироман нагардад.

Искандар аз Арасту пурсид, ки мулозимати мулукро кадом тоифа мувофиқанд ва кадом фирқа нолоиқ. Ҳаким фармуд, ки лоиқи хидмати мулук касест, ки эмин бошад на хоин, зеро ки амонат сабаби иззат аст ва хиёнат мазаллат. Байт:

Марди қонеъ бузургвор бувад,
Томеъ, албатта, хору зор бувад.

Дигар, бояд ки некӯгӯй бошад, на айбҷӯй, ки одамӣ ба некӯгӯй ба ҳама хол маҳбубу мақбул ва ба айбҷӯй назди ҳама кас мардуду маҳзул бошад ва бояд, ки коркунанда на лофзананда, ки марди масоф мӯҳтарам асту соҳиби лофу газоф муттаҳам. Бояд ки мувофиқ бошад ва на мунофиқ, ки натиҷаи дӯстӣ меҳру вафост ва самараи нифоқ ҷавру ҷафо...

Ҳасад ранҷест сӯзанда, к-аз ӯ оташ ба ҷон афтад, Чи ҷои ҷон, ки аз ҳуссод оташ дар ҷаҳон афтад.

...Нафси хусуд ба ғоят хабис аст ва аз ҳама асҳоби нуфуси хабисаро дар заволи неъмат асари тамоми бошад аз ин сабаб дар ҳадис омада, ки ҳасад ҳасаноти бандаро мехӯрад, яъне ночиз мегардонад, чунончи оташ ҳезумро. Ҳасад залилтарин сифат ва хортарин хислат аст ва аслан аз дуноват (фурӯмоягӣ) ва хасосати табиат дар вуҷуд ояд, ки натоиҷи ҷаҳл андар ӯ аз ин ҷост, ки изҳори ин сифат бар нуқсони ақл далели равшан аст, набинӣ, ки хусуд ҳамеша аз роҳати ғайре дар машаққате бошад:

пешина
аз 242
навбатӣ