Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Овардаанд, ки се подшоҳ дар маҷлиси Нӯшервон ҳозир шуданд: Қайсари Рум, Ҳоқони Чин ва Дорои Ҳинд. Нӯшервон фармуд, ки қарнҳо бояд, ки то чунин маҷмӯъе даст диҳад. Биёед, то ҳар яке сухане бигӯем ва дареғ бувад, ки аз мо асаре бар саҳифаи рӯзгор ёдгор намонад:

Фард:
Дар ин сарои куҳан хӯй кун ба хушсуханӣ,
Ки беҳтар аз сухани хуб ёдгоре нест.

Эшон ишорат ба Кисро карданд, ки аввал шумо калом фармоед. Нӯшервон аз дурҷи фикр ҷавҳари обдору гавҳари шоҳвор ба табаки баён ниҳода, гуфт: Ҳаргиз бар сухани нагуфта пушаймон набудаам ва бар баъзе суханон, ки гуфта шуда бисёр надомат хӯрдаам. Қайсари Рум дар хазонаи хаёл назар фармуда ва ин қиссаи тамом нисори маҷлиси шаҳриёр намуд, ки он чӣ нагуфтаам тавонистам, ки бигӯям ва он чӣ гуфтам бар он қодир набудам. Яъне ҳар тири сухан, ки аз шасти баён ҷудо нашудааст, қудрати он дорад, ки ҳар гоҳ хоҳам ба ҳадаф расонам. Аммо чун аз тақрир берун шуд боз натавонам гардонид.

Ҳоқони Чин нофаи сари баҳри баён бикшод ва бар он чи ин шамомаи машоми ҳуззори маҷлиси салтанатро муаттар сохт, ки чун сухан нагӯям ӯ зердасти ман аст ва ман бар ӯ ғолибам ва чун гуфта шуд, ман зердасти ӯям ва ӯ забардасти ман аст ва бар ӯ чира натавонам шуд. Яъне то арӯси сухан дар паси пардаи туст, мамшотаи машиятро ихтиёр боқист. Гар хоҳад бар сарири нутқаш ҷилва диҳад ва агар хоҳад дар ниқоби адамаш бидорад, аммо чун аз паси ҳиҷоб берун ояд ва парда аз ҷамол бардошт ва дигараш ба хилватхонае натавон фиристод ва роҳи Ҳинд аз риёзти гуфтори худ ин гули хушбӯ ва ин райҳони дилҷӯ чида ба заҳматгоҳи фасоҳат оварад, ки ҳар калима, ки мебояд гуфт вай ё ба ранҷ савоб аст ё дар маърази хитоб! Агар савоб аст қоил дар ӯҳдаи он сухан мемонад, то аз ӯҳда берун тавонад омад ё не.

Агар хатост, ҳеҷ фоидае надорад, пас дар ҳарду ҳол хомӯшӣ авлост:

Ба пире расидам дар ақсои Юнон,
Бад-ӯ гуфтам, эй он ки бо ақлу ҳушӣ.
Зи мардум чӣ беҳтар ба ҳар ҳол, гуфто:
Хамӯшӣ, хамӯшӣ, хамӯшӣ, хомӯшӣ!

Ҳукамои мутаохир гуфтаанд, хамӯшӣ беҳ аз сухани бад аст ва сухани нек беҳ аз хомӯшист:

Назар кардам ба чашми ақлу дониш,
Надидам беҳ зи хомӯшӣ хисоле.
Нагӯям лаб бибанду дида бардӯз,
Валекин ҳар мақомеро мақоле.

пешина
аз 242
навбатӣ