Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

То дар нарасад ваъдаи ҳар кор, ки ҳаст
Суде накунад ёрии ҳар ёр, ки ҳаст.

Баъд аз як сол ӯро талабид ва хилъат дод. Гуфт: «Чун султон касеро бузург гардонад, ба ҳамон назари аввал дар вай бингарад, зеро ки чун молу манол ва иқтидор ёфт, ӯро ба дараҷаи аввал боз натавон бурд ва агар хоҳад, ки ӯро хурд гардонад, ба тадриҷ ва тааннӣ (оҳистагӣ) дар паи он кор бояд рафт ва илло халалҳо падид ояд». Байт:

Баронаш машав ба якборагӣ,
Ки ҷонро бикӯшад ба бечорагӣ.

Нӯшервон аз Бузургмеҳр пурсид: «Лоиқи тарбия кист?» Фармуд: «Касеро тарбият бояд кард, ки адабе дорад ё насабе ва ҳар ки насаби софил (паст) дорад ба ҳукми «Куллу шайин ярҷиъу ило аслиҳи» руҷӯъ ба асл худ мекунад». Дар ҳикоят овардаанд, ки «Марде буд Заккӣ ном аз хонадони бузург, бо насаби олӣ ва адаби комил. Канизаки румӣ харид Нӯшоба ном. Бисёр бадхӯй ва ниҳоят баҳонаҷӯйи ситезарӯй. Заккӣ ба мулки Яман ба Нӯшоба тасарруф кард. Писаре аз ӯ мутаваллид шуд. Рӯзе ҳакиме дар сӯҳбати Заккӣ нишаста буд ва фарзанди Заккӣ ҳозир шуд. Заккӣ ӯро коре фармуд. Он писар дарҳол бархост ва равон шуд. Чун гоме чанд бирафт ва бозгашт ва дар маҷлис омада нишаст. Ҳозирон мутаъаҷҷиб шуданд ва гуфтанд: «Имтисоли (фармонбардории) аввалро чӣ сабаб буд ва иҷтиноби сонӣ ба чӣ ҷиҳат рӯй намуд?» Он ҳаким биханду гуфт: «Заккӣ хост, ки фармон барад ва Нӯшоба нагузошт». Асари ҳарду ҷавҳар зоҳир шуд. Чунончи, дар сафедӣ ва сиёҳӣ фарзанд ба падар ва модар мушобеҳ мебошад. Дар разолат ва наҷобат низ ҳамон қиёс бояд кард ва дар ин боб ҳаким Фирдавсӣ фармуд. Назм:

Дарахте, ки талх аст вайро сиришт,
Гараш дарнишонӣ ба боғи биҳишт.
Вар аз ҷӯйи хулдаш ба ҳангоми об,
Ба беҳ ангубин резию шаҳди ноб,
Саранҷом гавҳар ба кор оварад,
Ҳамон меваи талх бор оварад.

Гуфтаанд: Нафси хабисро парваридан, обрӯи худ бурдан аст. Чӣ ҳаром аст бар касе, ки аз нутфаи хабис дар вуҷуд омада бошад, ки аз дунё интиқол кунад бадӣ нокарда ба ҷони касе, ки ба ӯ некӯӣ карда бошад.

Фард:

Бадаслро чӣ гуна касе тарбият кунад,
Дар ҷайби худ чӣ гуна касе мор парварад.

Нуктаи дигар дар тарбияти мулозимон он аст, ки як касро ду амал надиҳад, балки барои ҳар касе мансабе ихтиёр кунад, то ҳама мулозимон умедвор бошанд ва ду касро як амал низ нафармояд, ки чун ширкат падид ояд, амал бар мурод сохтаву пардохта нагардад.

пешина
аз 242
навбатӣ