Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Мулозимони салотин якҷиҳат бошанд,
Муҳими мамлакату мол барқарор бувад.
В-агар нифоқ намоянду макру ҳилла кунанд,
Асоси ҷумла муҳиммот бе мадор бувад.
Аммо чун ғуломон ва бандагони дирамхарида мар худованди худро ба манзалаи дасту пой ва соири аъзоянд, чи касе ки ба ҷиҳати ғайре такаффули амре (ӯҳдадории коре) кунад, ки ба ионати (ёрии) даст, дар он ҳоҷат афтад, қоиммақоми дасти он ғайр буда бошад ва касе ки саъӣ кунад дар коре, ки қадам дар он ранҷа бояд кард, машаққати қадам кифоят карда бошад ва касе ки ба чашм нигоҳ дорад чизеро, ки назар дар он сарф бояд кард ва анвоъ-анвоъ (навъ-навъ) рифқу (нармӣ) мадоро ва лутфу ғамхорӣ дар бораи эшон ба кор бояд бурд. Чи эшонро низ, калолу (машаққат) малол ва футуру мондагӣ дар хизмат пайдо мешавад. Пас, дар кор фармудани эшон, инсоф риоят бояд фармуд ва чунон бояд, ки ба умури маишати эшон аз хӯриш ва пӯшиш халале роҳ наёбад ва асл он аст, ки эшонро ба назари хос махсус созад, ки иқдом бар аъмоле, ки бар эшон муфавваз (супурда) аст, аз рӯи хушдилӣ ва нишот кунад, на аз сари коҳилӣ ва малол.
Дар кутуби ҳикмат овардаанд, ки хоҷаро нашояд, ки ба ҳар гуноҳе ходимро биронад, зеро ки банда вақте шарти шафқат ба ҷой орад ва ҳаводорӣ кунад, ки худро аз муфориқати махдум эмин донад ва агар банда ба ҳар саҳву хатое биронад, худро дар хизмат ориятӣ шиносад ва ҳамчу роҳгузар ба он ва ғарибона маош кунад ва на дар ҳеҷ кор андеша ба кор барад ва на дар ҳеҷ муҳим шарти шафқат нигоҳ дорад. Асл дар бандагон сифати ҳаё ва зиракӣ ҳаст ва ин аз ҳама сифатҳо даркортар аст. Агар дар банда (ходим) асари макру дуздӣ дарёфта шавад, зуд дафъ бояд кард. Чун яке аз бандагон (ходимон) ба хиёнати фоҳиш, гуноҳи зишт мулаввас (олуда) гардад ва таъдиб ва таъзиб қобили ислоҳ набошад, салоҳ дар он аст, ки ӯро ба зудӣ нафӣ (дур) кунад, то дигар бандагон ба муҳоварату мусоҳабати ӯ табоҳ нашаванд ва фасад аз ӯ ба дигарон тааддӣ накунад. Қитъа:
Сӯҳбати муфсадону бадфеълон,
Мардуми некро табоҳ кунад.
Ҳар ки бо дег ҳамнишин гардад,
Ҷомаи хешро сиёҳ кунад.
Ва агар аз бандагон, яке аз арбоби давлат, ки мулозими султон бошад, ҳикояте аз хоҷа назди султон орад, дар чизе, ки шаръро дар он мадхале набувад, зуд манъи ӯ лозим аст. Чунончи, дар сиёсати султон Маҳмуди Ғазнавӣ овардаанд, ки рӯзи одина султон ба намоз мерафт, ғуломе дар ғояти ҳусну ҷамол сари роҳи султон гирифта буд, чун ба кавкаби шоҳӣ расид, ғулом заминро бӯса дод. Султон аз рӯи карам инони хушунат (дуруштӣ) боз кашид, ба забони лутфу марҳамат пурсид, ки чӣ ҳоҷат дорӣ? Гуфт: «Шоҳо, бандаро он кас, ки аз Туркистон меовард, дар тамоми роҳ мегуфт, туро ба хидмати султон мебарам, то сояи иноят ба рӯзгори ту андозад ва ман ба умеди ин башорату навиди ин ишорати қурбати (маҳрами) ғурбату хории бандагӣ таҳаммул мекардам ва пайваста ба мазмуни ин байт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор