Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Дуввум, он ки маросими тоат фурӯ нагзорад, балки онро бар хидмати подшоҳ муқаддам дорад, то дар ҳама чашмҳо азиз гардад ва дар ҳама дилҳо мақбул бувад.
Овардаанд, ки Абӯ Манзур — вазири подшоҳ Туғрал марди доно ва кофӣ буд ва одат доштӣ, ки чун намози бомдод гузоридӣ, то тулӯъи офтоб аврод (дуо) хондӣ. Баъд аз он ба хизмати султон рафтӣ. Вақте муҳиме пеш омад, султон ӯро ба таъҷил пеши худ талабид. Касон пай дар пай омаданд ва ӯ аз сари саҷҷода барнамехост. Ҳосидон маҷоли ғайбат ёфтанд ва забони ғайбат кушода, ӯро назди султон ба бадӣ ёд карданд, ки басе такаббурӣ мекунад ва аз сухани султон эътиборе намегирад ва монанди ин калимот дар миён овардан ба мартабае, ки осори тағйири мизоҷ дар башараи подшоҳ зоҳир шуд. Аммо чун хоҷа аз аврод фориғ гашт ба хизмати султон омад. Султон аз рӯи ғазаб бонг бар вай зад, ки чаро дер омадӣ?! Гуфт: «Эй малик, ман бандаи худоям ва чокари ту ва то аз бандагӣ хориҷ нашавам ба чокарӣ наметавонам омад». Султон бигирист ва ӯро маҳмадати (ситоиш) бисёр гуфт. Назм:
Мадеҳ риштаи хизмати ҳақ, зи даст,
Худовандро бандагӣ кун, ки ҳаст.
Сари подшоҳони гарданфароз,
Ба даргоҳи ӯ бар замини наёз.
Саввум, он ки ризои худоро ба ризойи подшоҳ тақдим кунад, ки чун ҳақ субҳонаҳу ва таоло аз бандагон хушнуд бувад, хашми дигарон ӯро зиёд надорад ва агар худой накарда худои таоло ба ӯ хашм гирад, хушнудии ҳама халқ бар ӯ суде нарасонад. Фард:
Чу худованд аз ту хушнуд аст,
Хашми дигар касон зарар накунад.
Машҳур аст, ки бузурге дар маҷлиси яке аз хулафо буд, вақти намоз танг шуд ва халифа ба муҳиме иштиғол дошт ва намоз бар хотири ӯ фаромӯш шуда буд. Он бузург бархост, ки намоз гузорад. Яке гуфт, ки чаро сабр намекунӣ, ки халифа бар намоз бархезад. Гуфт: «Ҳукми худойро мавқуф бар ҳукми дигаре набояд дошт». Гуфт: «Биншин, ки халифа бар ту ғазаб хоҳад кард». Гуфт: «Чун ризои худо ҳосил шавад, аз ғазаби махлуқ чӣ бок?!» Халифа, ки ин бишнавид, он бузургро бисёр бинавохт ва он мӯътаризро аз назари тарбият бияндохт. Шарти чаҳорум, он ки аз худо беш тарсад, ки аз подшоҳ. Дар хабар омадааст, ки ҳар ки аз худо баш тарсад, ҳама кас аз ӯ беш тарсад. Панҷум, он, ки ба Худо умедвортар бошад, ки подшоҳ, ки ҳарчӣ медиҳад ӯ медиҳад. Умед дар карами касе бояд баст, ки ҳеҷ умедвор аз дари раҳмати ӯ бознагардад. Байт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор