Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Кори дарвеши мустаманд барор,
Ки туро низ корҳо бошад.

Азизуддавла мутанаббеҳ шуд ва бисёр бигирист ва корҳои шайхро тамоми бисохт. Байт:

Дар сохтани кори касон саъй намой,
Кори ту шавад сохта аз лутфи Худой.

Ва ҳам, султонро бар хайр дорад ва чунон кунад, ки хайри ӯ ба ҳама кас бирасад. Гӯянд, вазири Атобак аз моли подшоҳ хайри бисёр кардӣ. Атобак муставфиро фармуд, ки дигар иқтоъ (ҷойгир ё худ як навъ тӯҳфа аз давлатдории аҳди муғул) ба касе надиҳӣ, ки дастат бибуррам. Рӯзи дигар дарвеш аз вазир чизе хост муставфиро гуфт, ки фалон ашъё иқтоъи ӯ бинавис. Муставфӣ тааммул мекард. Вазир гуфт: «Чӣ тааммул мекунӣ? Аз он метарсӣ, ки дастат бибуррад, аз ин наметарсӣ, ки туро баровезам». Хабар бар Атобак расид, вазирро талабиду гуфт: «Муставфиро чаро меовехтӣ?» Гуфт: «Ман мехостам, ки таноби саропардаи давлати туро ба мехи давом истеҳком диҳам ӯ намегузошт, на сазовори баровехтан бошад». Атобак бигирист ва мартабаи вазирро баланд гардонид. Дар таворих мазкур аст, ки султон Маликшоҳро гуфтанд, ки хоҷа Низомулмулк ҳар сол аз хазона сад ҳазор динор ба уламову сулаҳо ва фуқарову зовиядорон ва гӯшанишинон медиҳад ва шуморо аз он нафъ нест ва лашкари чаррор дар ҳам метавон баст. Султон ин суханро бо хоҷа бозгуфт. Фармуд, ки бад он зар лашкари зуроварро тартиб метавон кард, ки эшон душманро бо шамшере, ки тӯли як диръ аст ва тире, ки рафтани ӯ сесад газ бошад аз ту дафъ кунанд. Ман аз барои ту ба ҳамон зар лашкаре тартиб мекунам, ки аз аввали шаб то сабоҳ бар даргоҳи ҳазрати илоҳӣ ба қадами сидқ истодаанд. Аз барои ту забон ба дуо ва даст ба ҳоҷат кушода ва шамшери ҳиммат ба абр мерасонанд ва тири оҳ аз ҳафт осмон мегузаронанд ва лашкари ту ва мо ҳама дар паноҳи эшонем. Фард:

Дигар магӯй, ки дарвеш дар паноҳи касест,
Ки подшоҳи ҷаҳон дар паноҳи дарвеш аст.

Маликшоҳ бигирист ва гуфт: «Шод бош барои ман беҳтар аз ин лашкар тартиб фармо».

Ёздаҳум, қадри рӯзи амал бидонад ва аз он фоида гирад ва дар корсозӣ ва дӯстнавозӣ кӯшад ва озору изо ба кас нарасонад, вагарна вақте ки он амал аз даст равад, ҷуз ҳасрату надомат дар даст намонад.

пешина
аз 242
навбатӣ