Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Эй меҳмон, бархезу пеш аз он, ки мутааллиқони ман хабардор шаванд, сари ман бардору бибар, то мақсуди шоҳ муҳассал ва муроди ту муяссар гардад.
Байт:
Чу Ҳотам ба озодагӣ сар ниҳод,
Ҷавонро баромад хурӯш аз ниҳод.
Филҳол, пеши Ҳотам дар замин афтод ва бӯса бар дасту пои вай медоду мегуфт. Маснавӣ:
Ки гар ман гуле бар вуҷудат занам,
На мардам, ки дар кеши мардон занам.
Ду чашмаш бибӯсиду дар бар гирифт,
В-аз он ҷо тариқи Яман баргирифт.
Ҳотам асбоби роҳ аз зоду роҳил тамҳид намуда, ӯро гусел кард ва айёрпеша ба мулки Яман омада, сурати ҳол ба арзи малик расонид. Малик аз рӯи карамтабъӣ мунсиф (боадолат) шуд ва аз роҳи озодию ҷавонмардӣ мӯътариф гашт, ки караме дар ин мартаба ҳадди ҳеҷ офарида нест ва саховате бад-ин масоба (ҳисоб) мақдури ҳеҷ одамӣ на! Байт:
Ҳаст ҷавонмарди дирам сад ҳазор,
Кор чу бо ҷон фитад он ҷост кор.
Ҳикоят. Овардаанд, ки дар мавсими баҳор ва замони шукуфтани анвори азҳор, ки фарроши қудрати илоҳӣ бисоти талаввун густурда буд ва наврасидагони олами ғайбро аз пардаи абдоъ (чизи нав) ба наззорагоҳ оварда ва забони зикри хилватнишинони ҳуҷраи хокро ба дири (манзил) тарона аз хона берун кашида, тамошои саҳро такозо мекард.
Байт:
Биё, к-аз абри наврӯзӣ чаман оби дигар дорад,
Зи шамъи лола базми бӯстон тобе дигар дорад.
Ҳотамро орзуи гашт падид омад ва бо ҷамъе аз ғуломони худ бар бодпоёни ҷаҳонпаймой ва таковарони оташнаъли оҳанҳой савор шуда ба тамошои саҳро берун рафт. Ногоҳ гузари эшон бар даште ҳамвор ва саҳрое шоистамизмор афтод. Ва чун яке аз тамошоҳои аъроб тохтани асбон ва тамошои эшон буд, аспонро ба ҳасби маротиби сибқат номҳо ниҳода буданд, чун «Муҷалло» ва «Мусалло» ва монанди он. Ва ба сибқати (мусобиқа) марокиб мафоҳирати тамом доштанд. Дар ин саҳро Ҳотамро низ асбтозӣ падид омад ва асбони тозиро дар майдони мусобиқат афканд. Ғуломон низ маркаби тезрафторро, ки тавсани сабуксайри гардун ба гарди эшон нарасидӣ ва зирваи (баландӣ) хуршед аз ғояти меҳр чун соя дунболи эшон давидӣ Байт:
Зи наълухошон рӯи замин гирифта ҳилол,
Зи гӯшҳошон рӯи ҳаво гирифта синон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор