Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Агар пурсанд, ки мустаҳиби тариқат чанд аст, бигӯй, шаш: Аввал, бо мардон рӯй кушода доштан; дуюм, таом танҳо нахӯрдан; сеюм, ҳарчанд заҳмат пеш ояд, рӯй туруш накардан; чорум, ба ҳама кас эҳсон варзидан; панҷум, дар ҳама ҷо ҳифзи ҳурмат варзидан; шашум, номуси худро ва пирону устодонро нигоҳ доштан...
Агар пурсанд, ки наҳйи тариқат чанд аст, бигӯй, шаш: Аввал, тарки ҳавои нафс; дуюм, тарки сарват; сеюм, тарки дурӯғ; чорум, тарки зино; панҷум, тарки хамр; шашум, тарки хиёнат.
Агар пурсанд, ки абҷади тариқат чанд аст, бигӯй, абҷади сағир мехоҳӣ ё абҷади кабир. Агар пурсанд, ки абҷади сағир кадом аст, бигӯй, абҷади сағир чордаҳ калима аст: Аввал, худро бо тавозуъ замин сохтан; дуюм, ба бели муҷоҳидат шӯронидан; сеюм, тухми муҳаббат дар вай пошидан; чорум, ба оби маърифат парваридан; панҷум, ба доси риёзат даравидан; шашум, ба таноби таваккал ба хирмангоҳи қаноат кашонидан; ҳафтум, ба қуввати бозуи тақво хирманро кӯфтан; ҳаштум, ба мадади сабр дона аз коҳ ҷудо сохтан; нӯҳум ба кайли муҳаббат паймудан; даҳум, ба осиёи ризо орд сохтан; ёздаҳум, ба оби караму мурувват хамир сохтан; дувоздаҳум, дар танӯри ишқ ба оташи шавқ пухтан; сездаҳум, ба табақи ихлос ниҳодан ва чордаҳум, ба мардум расонидан:
То наафтад бар ту мардеро назар,
Аз вуҷуди хеш кай ёбӣ хабар.
Агар пурсанд, ки абҷади кабир кадом аст, бигӯй, ки он 29 калима аст: «а» (алиф) — Оростагии зоҳиру ботин; «б» — бурдборӣ намудан; «т» — тақво варзидан; «с» — савоби куллӣ ба хайр ҳосил кардан; «ҷ» — ҷамъияти хотир ҷустан; «ҳ» — ҳалолу ҳаромро фарқ кардан; «х» — хавфу риҷоро (умедро) шиори худ кардан; «д» — далел будан ва ҳар толибро ба мақсад расонидан; «з» — залил будан дар чашми худ ва аз худ ҳисоб гирифтан; «р» — риёзату фақр кашидан; «з» — зиёрати дилҳо кардан; «с» — сирри аҳли фақр нигоҳ доштан; «ш» — шукргузорӣ аз халқ кардан; «с» — сидқу сафо варзидан; «з» — зоеъ накардани вақт; «ф» — фурсат ғанимат шуморидан; «т» — тамаъро ба куллӣ аз хотир дур кардан; «з» — зулму ситам бар ҳеҷ кас раво надоштан; «айн» — илмро дӯст доштан ва бо уламо нишастан; «ғайн» — ғайбати халқ накардан ва ба худ машғул будан; «қ» — қаноатро перояи ҳолу сармояи кори худ сохтан; «к» — камоли маърифат ба қадри тоқати башарият ҳосил кардан; «л» — ливои дилнавозӣ ва хотирҷӯӣ барафрохтан; «м» — маломат накардан; «н» — ниёзмандӣ ба ҳама кас намудан; «в» — вафодорӣ дар аҳд; «ҳ» — ҳамроҳӣ кардан ба ҳама кас дар тариқи ростӣ ва дар каҷӣ мададгор набудан; «л» — лол будан аз сухани фаҳш ва дурӯғро ба ростӣ ҷорӣ кардан; «й» — ёд кардан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор