Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки тасаввуф чист, бигӯй, инро ҷавоб бисёр гуфтаанд: Аввал, тасаввуф гуфтаанд, тахлия (тасаввур кардан) аст ва ба ахлоқи ҳамида ва васфи писандида... Дуюм, тасаввуф тасфияи (покиза кардан) рӯҳ аст аз ағёр. Сеюм, тасаввуф хузӯъ (шикастанафсӣ) ва хушӯъ (фурӯтанӣ) аркон аст дар тариқи маърифат. Чаҳорум... тасаввуф тарки даъво кардан аст ва маъниро аз мардум пӯшидан, яъне то мард аз даъво нагузарад ба маъние нарасад ва то маънии худро пинҳон надорад аз тасаввуф насибе наёбад. Панҷум, тасаввуф ишорат аст ба ҳусни ибодат. Шашум, тасаввуф хор доштани нафс аст ва азиз доштани амр. Ҳафтум, тасаввуф ҳама адаб аст ва ҳар кӣ ба яке аз одоби фақр таҳовун (мусолиҳакорӣ) кунад аз тасаввуф ҷуз номе намедонад.

Агар пурсанд, ки ин тоифа, ки номи тасаввуф бар худ ниҳодаанд, чанд гурӯҳанд, бигӯй, се гурӯҳ: Аввал, мустасоф ва ӯ касест, ки барои мол, ки поймоли ҳар кас ба ҷиҳати ҷоҳ, дастфарсуди ҳар кас аст, ташбеҳ ба дарвешон карда бошад ва аз ҳеҷ мартаба бохабар набувад ва дар ҳаққи чунин кас гуфтаанд:

Норафта раҳи сидқу сафо гоме чанд,
Бадномкунандаи накӯноме чанд.

Дуюм, мутасаввиф ва ӯ он аст, ки ба сарманзили мақсуд расад. Сеюм, сӯфӣ ва ӯ он аст, ки аз худ фонӣ ва ба ҳақ боқист... Гуфтаанд, ки сӯфиён се қисманд: муоширон, мутарассимон ва муҳаққиқон. Муоширон муҳиббону дӯстдорони ин тоифаанд ва эшонро умедворист тамом аст... Аммо мутарассимон онҳоанд, ки ба расму сурати дарвешон бароянд ва ба зоҳир тақлиди афъол ва аҳволи эшон кунанд ва ба ботин толиби вақту ҳоли эшон бошанд ва доим ба забони ҳол мегӯянд:

Гар нек оем моро зи эшон шуморанд,
Вар бад бошем, моро бад-эшон бахшанд.

Ин гурӯҳ низ дур нест, ки дар файзи муассири эшон насибе ёбанд. Аммо, муҳаққиқон — эшон ҷамоатеанд, ки суф пӯшанд ба сафо ва бичашонанд нафсро таоми ҷафо ва дунёро биандозанд аз қафо ва сулук кунанд бар тариқи нек...
Агар пурсанд, ки сӯфӣ чӣ маънӣ дорад, бигӯй, дар маънии сӯфӣ сухани бисёр гуфтаанд ва мо аз он ҷумла панҷ ваҷҳ эрод кунем: Аввал, сӯфӣ он аст, ки ба зоҳир банда бошад ва ба маънӣ озод. Яъне зоҳири худро бар тоату ибодат ва хизмат вақф карда бошад, ботини худро аз тамоми алоқаҳо чун озодмардон пок сохта бошад.
Дуюм, сӯфӣ он аст, ки ҳеҷ чиз дар банди вай наёяд ва вай дар банди ҳеҷ чиз набошад. Ин ду калима ишорат ба мартаба аст: Яке ихлос, ки банда мутлақан аз сифати башарият фонӣ шуда бошад ва яке ҳуррият (озодӣ). Он ишорат аст бад-он ки солик аз фақри зотии худ бозраста бувад ва ба ғинои зотии худ пайваста. Сеюм, сӯфӣ он ки сирри ӯ софӣ бошад ва ақли ӯ кофӣ бошад ва дили ӯ ба аҳди муҳаббат вофӣ бошад.
Чаҳорум, сӯфӣ он аст, ки зоҳираш аз кудурати алоқаҳо бар канор аст ва ботинаш ба тафаккур моил аст ва дар дидан ҳимматаш зарру хок яксон аст. Панҷум, сӯфӣ он аст, ки он чӣ ба дам дарёфта бошад, ба қадам он ҷо шитофта бошад, яъне аз рутбаи илм-ул-яқин ба пояи айн-ул-яқин тараққӣ намояд.
Агар пурсанд, ки ин тоифаро чаро сӯфӣ гӯянд, бигӯй, инро низ панҷ ҷавоб гуфтаанд. Аввал, он ки эшон дар сафи авваланд, яъне аз ҷумлаи соликон пеш афтодаанд. Дуюм, эшон тавалло ба асҳоби суффа кардаанд ва асҳоби суффа гурӯҳе будаанд аз аъмоли дунё эътироз карда ва ба аъмоли охират иқбол намуда. Ба рӯйҳои зард, дамҳои сард, субҳу шом дар зикр мувозимат мекунанд. Пас, сӯфӣ онро гӯянд, ки чун асҳоби суффа аз ҳама алоқаву дилбастагиҳо эътироз намуда бошад ва аз рӯи ҳузури ҳозир ба тоату ибодат таваҷҷӯҳ фармуда ва ин ду ваҷҳ, агарчи ба қонуни арабият рост нест. Сеюм, гуфтаанд иштиқоқи (баромадан) ин исм аз сафост ва чун бар дилҳои эшон сафо ғолиб аст, эшонро сӯфӣ гуфтаанд. Чаҳорум, гуфтаанд иштиқоқи ин ном аз суфуҳ аст ва суфуҳ хулосан чизеро гӯянд... Пас, ин ҷамоатро ба воситаи он сӯфӣ гуфтаанд, ки хулосан халқ эшонанд.

пешина
аз 242
навбатӣ