Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Дигар, он ки оинаи дилро... равшан дорӣ ва ин хилватхонаро аз хасу хошок ба ҷорӯб пок созӣ.

То нарӯбанд ба ҷорӯби сафо хонаи дил,
Манзараш ҷилвагари ҳазрати ҷонон нашавад.

Агар пурсанд, ки адаби чашм чанд аст, бигӯй, ду: яке он ки онро ба чаҳор чиз бикшоӣ, дуюм он ки онро аз чаҳор чиз барбандӣ. Агар пурсанд, ки он чаҳор чиз, чашм бад-он кушод, кадом аст, бигӯй, аввал ба роҳ мебояд кушод, то чун роҳ бираванд, заминро бинанд ва пеши пои худ мулоҳиза кунанд. Дуюм, дар назораи осмону замин бояд кушод... Сеюм, ба ибрат мебояд кушод, ки он чӣ бинанд, аз он эътиборе гиранд...

Агар пурсанд, ки он чаҳор чиз ки аз он чашм мебояд баст, кадом аст, бигӯй, аввал дида бибояд баст аз номаҳрам, ки нигоҳ кардан дар номаҳрам тири заҳролудест, ки бар ҳар дил ки ояд, аз дасти шайтон ҷон набарад. Дуюм, чашм ба ҳам бояд ниҳод аз суратҳои неку, вақте ки ба шаҳват дар он нигаранд ва агар касе аз рӯи покӣ дар касе ва дар сурати некӯ нигарад, ҳеҷ нуқсоне надорад, чунонки гуфтаанд:

Гар нигарӣ покрухи лолафом,
Нест гулу лола ба дидан ҳаром.
Дида, ки дар вай назари пок нест,
Сурмаи он дида ба ҷуз хок нест.

Сеюм, дида бояд баст аз айб дидан, ки ҳеҷ касро бадтар аз айббинӣ нест:

Айби касон мангару эҳсони хеш,
Дида фурӯ бар ба гиребони хеш.

Чаҳорум, он ки дида бибояд баст аз он, ки ба назари ҳиқорат дар мардум нигаранд ва ба ҳоли касе истихфоф (ночиз шуморидан) кунанд, ки ҳеҷ кас... аз ҳоле холӣ нест, чунон ки Хоҷа Имомуддини Фақеҳ фармояд:

Гар подшоҳи мулкию гар сояи илоҳ,
Дар ҳеҷ кас ба чашми ҳақорат макун нигоҳ.

Агар пурсанд, ки адаби гӯш чанд аст, бигӯй, ду: Аввал, он ки ба се чиз бикшоӣ. Дуюм, он ки аз се чиз дарбандӣ. Агар пурсанд, ки он се чиз, ки гӯш бад-он бояд кушод, кадом аст, бигӯй... Сеюм, суханони машойих ва аҳли ҳикмат.

Агар пурсанд, ки он се чиз, ки гӯш аз он дарбояд баст, кадом аст, бигӯй, аввал сухани ботил ва калимоти бидъат. Дуюм, аз истимои ҳазёну фаҳш аз суханони беҳосил. Сеюм, аз шунидани ғайбату бӯҳтон ва айб, ки шунаванда дар вубол (гуноҳ) шарики гӯянда аст.

Агар пурсанд, ки адаби забон кадом аст, бигӯй, он ки ба шаш чиз бикшоӣ ва аз ҳашт чиз дарбандӣ.

пешина
аз 242
навбатӣ