Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки дар вақти хӯрдани об бо кӯза чӣ мегӯянд, бигӯй, ба забони ҳол мегӯянд, ки ман шабу рӯз дар хизмат ба сар давидаам, то ин соат ба мақсади худ расидаам.

Агар пурсанд, ки азизе, ки об мехӯрад ҷамъе ки ҳозиранд, мегӯянд: сиҳат бод, ин чӣ маънӣ дорад, бигӯй, маънии он аст, ки умр чун мегузарад ва бар як дам эътимод нест, чун касе об бихӯрад, мумкин аст, ки ҳанӯз он об ба ҷигар нарасида даргузарад ё об дар гулӯ гирад ва нафас мункатеъ шавад.

ФАСЛИ ҲАШТУМ

ДАР ОДОБИ ҶОМА ПӮШИДАН

Бидон, ки пӯшидани либос ба он миқдор, ки сатри аврат бошад фарз аст. Дар ин фарз адабе аст риоят карданӣ.

Агар пурсанд, ки аркони либос пӯшидан чанд аст, бигӯй, понздаҳ: Чаҳор фарз, чаҳор суннат, панҷ адаб ва ду ҳаром.

Агар пурсанд, ки чаҳор фарз кадом аст, бигӯй, аввал он ки ҷома аз ваҷҳи ҳалол созад. Дуюм, он ки чандон пӯшад, ки дафъи сармо ва гармо кунад. Сеюм, он ки аз наҷосат пок бошад. Чаҳорум, он ки ҳаром набошад чун абрешимина ва зардӯз.

Агар пурсанд, ки чаҳор суннат кадом аст, бигӯй, аввал он ки ҷома кӯтоҳ бошад... Дуюм, он ки аз ҳар ҷома яке беш надошта бошад, зеро доштани ҷомаҳои бисёр аз мартабаву мақоми футувват дур аст. Сеюм, дар рӯзи ид ҷомаи наву покиза пӯшад. Чаҳорум, бештар ранги сабзу сафед пӯшад.

Агар пурсанд, ки панҷ адаб кадом аст, бигӯй, аввал он ки дар вақти пӯшидан дасти рост дар остин кунад. Дуюм, дар вақти берун кардан аввал аз дасти чап берун орад. Сеюм, ҷомаро покиза нигоҳ дорад. Чаҳорум, изор бар пой нишаста бипӯшад. Панҷум, салларо истода дар сар бандад.

Агар пурсанд, ки ду ҳаром кадом аст, бигӯй, аввал ҷома аз рӯи кибру таъзим пӯшидан. Дуюм, ҷомаи мусаввар пӯшидан. Агар мунаққаш бошад, ки сурат бар ӯ набувад ҷоиз аст.

Агар пурсанд, ки дар кафшу мӯза пӯшидан чанд адаб аст, бигӯй, чаҳор: Аввал, пои рост дар кафшу мӯза кунад. Дуюм, вақти берун кардан аз пои чап берун оварад. Сеюм, ба як мӯзаву кафш иқтисор накунад... Чаҳорум, ҳар ҷо ки кафш берун кунад, агар маҷол бувад бардораду наздики худ гузорад.

Агар пурсанд, ки дар хотам (ангуштарӣ) пӯшидан чанд адаб аст, бигӯй, чаҳор: Аввал, он ки аз оҳан (зар) набошад. Дуюм, бояд ки аз нуқра созад ва як мисқоли тамом набошад. Сеюм, нигини ақиқ кунад, ки дар он баракати бисёр аст. Чаҳорум, бояд ки ангуштарӣ дар ангушти рост кунад....

пешина
аз 242
навбатӣ