Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки ду воҷиб кадом аст, бигӯй, аввал қасди сафари хайр ва дуюм, нияти соф доштан.

Агар пурсанд, ки даҳ суннат кадом аст, бигӯй, аввал, рафиқи некӯ ба даст овардан. Дуюм, ҳаққи ҳамроҳ нигоҳ доштан. Сеюм, ба миқдори қуввату тоқати худ тариқи мурувват сипардан. Чаҳорум, чун ба боло барояд мағрур нашудан. Ҳафтум, пайваста бар вузӯ (пок) будан. Ҳаштум, ба ҳар манзиле, ки фуруд ояд сипосгузор будан. Нӯҳум, дар вақти рафтан видои ёрон кардан ва даҳум, ба иҷозат берун рафтан.

Агар пурсанд, ки се мурувват кадом аст, бигӯй, аввал, ба тӯшаи роҳи худ рафиқонро мададгорӣ кардан. Дуюм, некӯхӯю кушодарӯй будан. Сеюм, мутоиба кардан ба ваҷҳе, ки маъсият (гуноҳ) набошад.

Агар пурсанд, ки шаш адаб кадом аст, бигӯй, мусҳаф доштан, давоту қалам бо худ доштан, шона бардоштан, ибрик бардоштан ба дасти чап, асо доштан ба дасти рост ва охир коса доштан.

Агар пурсанд, ки се фазилат кадом аст, бигӯй, аввал он ки агар пиёда тавонад рафтан муздаш зиёд бувад. Дуюм, то тавонад дар роҳ дарҷуза (гадоӣ) накунад ба тахсис (хусусӣ кардан) аз ҳамроҳон, то бар дили эшон гарон наояд. Сеюм, то зарурат наояд ба масҷид фуруд наояд ва то тавонад дар вай хоб накунад.

Агар пурсанд, ки ду рукн кадом аст, бигӯй, аввал он ки панҷ чизи оҳанӣ бо худ дошта бошад: корд, миқроз (қайчӣ), сӯзан, устура (теғ) ва охир оташбарк. Дуюм, он ки ду чиз аз пӯст ҳамроҳ гирад: аввал пӯсти такя, дуюм, наълин.
Агар пурсанд, ки рӯ ба куҷо дорӣ, бигӯй, ба манзили мақсуд. Агар пурсанд, ки сафар чанд аст, бигӯй, ду.
Якум, сафари сурат. Дуюм, сафари маънӣ.
Агар пурсанд, ки сафари маънӣ ба чӣ чиз аст? Бигӯй, ба қадами ҷону дил. Сафари сурат чӣ, бигӯй, ба қадами обу гил.
Агар пурсанд, ки ҳуруфи сафар чӣ маънӣ дорад, бигӯй, «С» далолат дорад бар саҳар, яъне мусофир бояд саҳархез бошад. Ва «Ф» далел аст бар фоида, яъне ҳар кӣ дар сафар аст, бояд ки фоида гирад ва фоида расонад. Ва «Р» далолат кунад бар ризо, яъне ҳар чӣ дар роҳ бад-ӯ расад, бад-он розӣ бошад ва хушдилӣ дар ризои рафиқон талабад.

ФАСЛИ ДАҲУМ
ДАР ОДОБИ ЗИЁРАТ

Агар пурсанд, ки одобу аркони меҳмонӣ кардан чанд аст, бигӯй, чаҳордаҳ: ду шарт, шаш аркон ва шаш адаб.
Агар пурсанд, ки ду шарт кадом аст, бигӯй, аввал меҳмонро таоми ҳалолу покиза диҳад... Дуюм, меҳмониро барои ғаразу риё накунад. Агар пурсанд, ки шаш аркон кадом аст, бигӯй, аввал, меҳмонро таъзим кардан ва ба ҷои некӯ нишондан. Дуюм, бо меҳмон кушодарӯй ва хандон будан. Сеюм, ҳарчанд меҳмон падид ояд, рӯй турш накардан. Чаҳорум, меҳмони нохондаро ҳурмати зиёда доштан. Панҷум, бухл (бахилӣ) накардан ва он чӣ аз даст барояд, аз меҳмон дареғ надоштан. Шашум, такаллуф (мурооти сохта) накардан ва он чӣ мақдур (ба қадри имкон) бошад, ҳозир кардан.
Агар пурсанд, ки шаш адаб кадом аст, бигӯй, аввал, аз меҳмон суол накардан, ки майли ӯ ба кадом навъ таом бошад. Дуюм, таоми беҳтар пеши ӯ ниҳодан. Сеюм, дар хӯрдан таклифи бисёр накардан. Чаҳорум, чун берун равад, мушоиат (ҳамроҳӣ) кардан ва камтари он ҳафт қадам аст. Панҷум, узрхоҳӣ нанамудан, ки аз он бӯи худпарастӣ ояд. Шашум, миннат наниҳодан, балки миннати (сипосгузории) фаровон доштан, ки... он шахс рӯзии худро бар сари суфраи ӯ тановул намуд, чунончи устод гуфтааст:

пешина
аз 242
навбатӣ