Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки одоби фурӯхтани чизе чанд аст, бигӯй, ҳашт: 1. Аввал, он ки бо харидор сухани нарм бигӯяд. Дуюм, он ки аз ҳар маҳалла, ки харидорро ёбад, музояка (дареғ) накунад. Сеюм, он чӣ мефурӯшад, зиёдат таърифи он накунад. Чаҳорум, чизи дағалу калб нафурӯсад ва агар фурӯшад, айби ӯро ба харидор бозгӯяд. Панҷум, дар вазн ва зироъ қалбӣ накунад. Шашум, агар чизи харидаро бозоранд ва зоеъ (талаф) нашуда бошад, байъи иқолат (савдоро вайрон) кунад ва бозситонад.

Ҳафтум, агар азизеро нақде набошад ва чизе ба насъя талабад, бад-ӯ фурӯшад ва дар мақоми музояқа набошад. Ҳаштум, зиёд аз қимати вақт нафурӯшад.

Агар пурсанд, ки одоби харидани чизе чанд аст, бигӯй, дувоздаҳ: Аввал, он ки ба ваҷҳи ҳалол харад. Дуюм, нақди қалб ва мағшуш надиҳад. Сеюм, ба камтар аз қимати вақт нахарад, магар фурӯшанда музояқа накунад. Чаҳорум, бо фурӯшанда сухани сахт нагӯяд. Панҷум, ӯро таклифи бисёр накунад, ки аз фалон ҷо ба фалон чиз буда. Шашум, аз он чӣ мехарад, бисёр бахшад. Ҳафтум, чун чизе харида бошад, бозпас нагардонад. Ҳаштум, чизи харида ба домон наниҳад. Нӯҳум, чизи харида дар остин накунад. Даҳум, муэдкоса аз фурӯшанда наситонад. Ёздаҳум, дар ҷои покиза кунад. Дувоздаҳум, зоҳир набарад, балки пӯшида дорад.

ФАСЛИ ПОНЗДАҲУМ

ДАР ОДОБИ ХОДИМОН

Бидон, ки ходимии дарвешон мартабаи бузург аст ва ҳар кӣ азизеро хизмат кунад, ӯро насибе тамом аст.

Бе хизмати ту кас ба ҷаҳон иззате наёфт,
Ҳар кас ки чокари ту нашуд, давлате наёфт.

Шарти ходимӣ он аст, ки ҳар кор, ки ӯро бифармояд, ба шарти ростиву покӣ аз рӯи эътиқоду ихлос бикунад. Аммо чаҳор кори ӯ куллӣ аст. Аввал, ҷорӯб задан. Дуюм, табх кардан. Сеюм, ҷома шустан. Чаҳорум, дегу коса шустан. Ва дар ҳар як адабе чанд риоят бояд кард. Агар пурсанд, ки дар ҷорӯб задан чанд чиз мебояд, бигӯй, бист чиз: чаҳор қавоид, чаҳор адаб, чаҳор аркон, чаҳор ҳурмат ва чаҳор шарт... Агар пурсанд, ки чаҳор адаб кадом аст, бигӯй, аввал он ки аз пиру бародарони тариқ иҷозат талабад. Дуюм, он ки об бар замин афшонад. Сеюм, сабр кунад, то хок обрӯ фурӯ хӯрад. Чаҳорум, ибтидои ҷорӯб задан аз пеши пир кунад.

пешина
аз 242
навбатӣ