Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки адаби ба гӯристон рафтан чанд аст, бигӯй, ҳафт: Аввал, чун ба гӯристон расад, салом кунад. Дуюм, дар миёни гӯристон биистад. Сеюм, эшонро ба фотиҳаву такбир ёд кунад. Чаҳорум, оби даҳон наафканад. Панҷум, пой бар гӯрҳо нагузорад...

Агар пурсанд, ки адаби такя кардан чанд аст, бигӯй, ҳашт: Аввал, он ки дарвеш бояд дар шаб ду соат беш хоб накунад. Дуюм, чун наздики ҷомаи хоб расад, пои рост пеш ниҳад. Сеюм, аввал ба дасти рост такя гирад. Чаҳорум, шаҳодат бар худ арза кунад. Панҷум, хобро намудори марг бишносад. Шашум, бар кинаи бародари худ хоб накунад. Ҳафтум, дар вақти аз ҷои хоб берун омадан пои чап берун ниҳад. Ҳаштум, тозаву пок хоб кунад.

Агар пурсанд, ки адаби ба назди акобир рафтан чанд аст, бигӯй, ҳафт: Аввал, он ки бе иҷозат пеши эшон наравад. Дуюм, чун дарояд шарти таҳният ва хизмат ба ҷо оварад. Сеюм, баъд аз салом сухан нагӯяд, магар ки зарурате бошад. Чаҳорум, сухан ба ҳурмат гӯяд ва овоз баланд накунад. Панҷум, барои ҷавоб нек гӯш бинмояд, то боз напурсад. Шашум, ӯро дуои бисёр нагӯяд, то ба риё наанҷомад. Ҳафтум, вақт нигоҳ дорад ва дар вақти макруҳ ба дидани акобир наравад.

Агар пурсанд, ки авқоти макруҳ кадом аст, бигӯй, вақте ки ба ғояти карам бошад. Худро аз мурдагон шуморад, ва ба канори гӯристон расад видоъ кунад.

БОБИ ШАШУМ

ФАСЛИ ЯКУМ

ДАР МАЪНИИ МАЪРАКА ВА ОН ЧИ КИ БА Ӯ
ТААЛЛУҚ ДОРАД

Бидон, ки маърака дар асл луғати ҳарбгоҳро гӯянд...
ва дар истилоҳ мавзеъеро гӯянд, ки шахсе дар он ҷо бозистад ва гурӯҳе мардум он ҷо бар вай ҷамъ шаванд ва ҳунаре, ки дошта бошанд, ба зуҳур расонанд ва ин мавзеъро маърака гӯянд, барои он ки... дар маъракаи ҳарб ҳар марде, ки ҳунаре дошта бошад..., изҳор мекунад. Чунончи, дар ҳарбгоҳ, баъзе ба ҳунар намудан машғуланд ва баъзе ба тафарруҷ ин ҷо низ яке ҳунар менамояд ва гурӯҳе тафарруҷ мекунад... Агар пурсанд, ки сари маърака кадом аст, бигӯй дониш, ки ҳар кӣ бедониш бошад, қадам дар маърака ниҳад, аз сари худ хабар надорад.

Агар пурсанд, ки поёни маърака кадом аст, бигӯй, қабули дилҳо, ки агар дилҳо соҳибмаъракаро қабул накунад, муҳими (кори муҳими) ӯ ба поён нарасад.

пешина
аз 242
навбатӣ