Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки адаби берун шудан аз маърака чанд аст, бигӯй, шаш. Аввал, он ки вақти... мардум танг накунад ва зуд маърака барҳам занад. Дуюм, он ки устодонро ёд кунад ва ҳар кӣ ҳадя ба вай дода бошад ва ҳар кӣ надода бошад, ҳамаро дар дуо шарик кунад... Чаҳорум, агар дарвеше мустаҳиқ (мӯҳтоҷ) бинад, хӯрдае (хӯрокворие) ба вай диҳад. Панҷум, чун берун ояд, пои чап фаро пеш ниҳад. Шашум, агар бародарони тариқ ҳозир бошанд, футуҳе (муваффақияте) ки расида бошад, сафои (манзури) назари эшон кунад ва инҳо гуфта ки шуд, ом (умумӣ) аст, бояд ки ҳама аҳли маъракаро бошад ва боз ҳар тоифаро аз эшон зикр хоҳем кард.

Агар пурсанд, ки маърака чанд навъ аст, бигӯй, ду навъ: яке мақбулу писандида ва он маъракае аст, ки дар вай суханони хуб гузарад ва дуюм, нописандида, он маъракае бувад, ки дар вай суханони номашрӯъ (нописанд) ва ҳаракати нолоиқ воқеъ бошад.

Агар пурсанд, ки аҳли маърака чанд тоифаанд, бигӯй, се тоифаанд: Аввал, аҳли сухан. Дуюм, аҳли зӯр. Сеюм, аҳли бозӣ.

ФАСЛИ ДУЮМ

ДАР ШАРҲИ АҲЛИ СУХАН АЗ МАЪРАКАГИРОН

Эшон се тоифаанд: аввал, маддоҳон, ғаразхонон (ғазалхонон) ва саққоён. Дуюм, хосагӯён ва бисотандозон. Сеюм, қиссахонон ва афсонагӯён. Баёни ҳар як дар кисмате меояд.

ҚИСМАТИ АВВАЛ

ДАР ЗИКРИ МАДДОҲОН ВА ҒАЗАЛХОНОН

Бидон, ки аз ҷумлаи аҳли шадду байат ҳеҷ тоифаи баландмартабатар аз маддоҳон нестанд ва даҳл бар ӯ он аст, ки муҳаббати аҳли байт (хонаводаги) ҳар одам ро лозим аст ва касе ки касеро дӯст медорад, мебояд ки доим зикри ӯ кунад ва ба ситоиши ӯ машғул шавад...
Маддоҳон ин ҳол доранд, ки пайваста маноқиби аҳли байт хонанд ва ба ёду сухани эшон вақт гузоранд.
Агар пурсанд, ки маддоҳон бар чанд ваҷҳанд, бигӯй, бар чаҳор ваҷҳ: Аввал, ҷамоате ки аз қуввати табъи худ иншо кунанд ва ҷавоҳири ривоёту ҳикоят дар риштаи назм кашанд. Дуюм, гурӯҳе ки манзумот ва суханоне, ки дигарон назм кардаанд адо менамоянд ва фоида ба халқ мерасонанд. Ин тоифаро ровиён хонанд ва эшон низ аз ҷумлаи маддоҳонанд Сеюм, тоифае, ки бо вуҷуди маддоҳӣ кори дигар мекунанд ва аз он файз ба халқ мерасонанд, чун саққӯён ва аз эшон гурӯҳе бағоят мақбуланд. Чаҳорум, ҷамъе, ки абиёти пароканда ёд гирифтаанд ва бар дарҳои хонаҳо мехонанд ва қасидае ва ноне мефурӯшанд ва мадҳро доми гадой сохтаанд, ки онҳоро агарчи дар сурат маддоҳ гӯянд, ба ҳақиқатан дар ин ҷамъ дохил нестанд.
Агар пурсанд, ки одоби маддоҳӣ чанд аст, бигӯй, панҷ. Аввал, он ки дар тақвову таҳорат (пок) бошад...
Сеюм, он ки мадҳ аз барои ғаразу ҷазо нахонад. Чаҳорум, сарватпараст набувад. Панҷум, он ки дар мадҳ ба таърифи ғулув напардозад.
Агар пурсанд, ки маддоҳро чанд сифат мебояд? Маддоҳро бист сифат бошад ва сӣ сифат набувад. Агар пурсанд, ки бист сифат кадом аст, бигӯй: сидқ, сабр, шукр, зуҳд, тоат, қаноат, муҳосаба (ҳисобгирӣ), муроқиба, тавозӯъ, таслим, ихлос, карам, нисор, муҷоҳида, тафаккур, таваккал, кам хӯрдан, кам хуфтан ва бистум шафқат намудан.
Агар пурсанд, ки он сӣ сифат кадом аст, бигӯй: ғафлат, ғурур, айб, риё, хамр хӯрдан, кудурат кардан, зино кардан, бадхӯй, ситеза кардан, суханони пошонда гуфтан, хилофи ваъда кардан, истеҳзо кардан, таънаи ноҷой задан, суханони дурӯғ гуфтан, савганди дурӯғ хӯрдан, ғайбати бародарон кардан, бӯҳтон гуфтан, суханчинӣ кардан, ғаммозӣ кардан, мардумонро ба дурӯғ сутудан, ҳашми бемавқеъ гирифтан, ҳасад варзидан, макр кардан, ғайбати мардум кардан, дар талаби мол ҳарис будан, бухл варзидан, зулм кардан, бисёр хӯрдан ва бисёр хуфтан.
Агар пурсанд, ки маддоҳонро ба якдигар чанд қоида риоят бояд кард, бигӯй, шаш: Аввал, он ки ба якдигар дӯстӣ варзанд... Сеюм, он ки бемувофиқанд якдигар кор накунанд. Чаҳорум, он ки зайфонро аз миёни худ наронанд. Панҷум, он ки дар ҳурмати якдигар сари мӯе фурӯгузошт нанамоянд, то ҳама ҷо мукарраму мӯҳтарам бошанд.

пешина
аз 242
навбатӣ