Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки поиза (камарбанд) кӣ тавонад дошт, бигӯй, касе ки масоф кардан бошад ва кори ӯ писандидаи аҳли ҳукм бувад ва ба иҷозати ҳаким поиза овехта бошад.

Агар пурсанд, ки поиза ишорат ба чист, бигӯй, ки бад-он ки агар иҷозаи ӯро чун риштаҳои поиза қитъа-қитъа созанд аз тариқи футувват рӯ нагардонад.

Агар пурсанд, ки ҳуруфи салла чӣ маънии дорад, бигӯй. «С» — ишорат ба саломатии нафс аст, яъне мардум аз вай ба саломат бошанд. «Л» — ишорат ба лутфу марҳамат, яъне саллакаш, бояд ки бо ҳама кас дар мақоми мулоимот бошад ва ба он чӣ тавонад нафъ расонад. «А»— ишорат ба ҳаводорӣ ва мададгорӣ аст. Яъне салладор бояд ки пайваста ҳаводору мададгори бародарон бошад.

ҚИСМАТИ ПАНҶУМ

ДАР ШАРҲИ ҲАММОЛОН

Сурати ҳаммолӣ ишорат ба ҳамли (бардоштани) бори амонат аст. Пас, ҳаммол бояд, ки шароити ин кор ба ҷой орад, то сурат ва маънии ӯ ба ҳам ороста бошад.

Агар пурсанд, ки шароити ҳаммолӣ чанд аст, бигӯй, чаҳор: Аввал, он ки чун бор бардорад аз бардоштани бори амонат ёд кунад. Дуюм, дар зери ин бор бо эҳтиёт равад.., то пой налағжад ва аз роҳи рост наафтад. Сеюм, дар ин бор хиёнат кардан раво нест. Чаҳорум, он борро ба манзил бояд расонад, то музд тавон гирифт...

Агар пурсанд, ки одоби ҳаммолӣ чанд аст, бигӯй, дувоздаҳ. Аввал, он ки... пок бошад ва то касе пок набувад, кори покон натавон кард... Чаҳорум, чашм бар пушти пой дорад ва ба ҳар сую ба ҳар кас нанигарад. Панҷум, чун ба миёни мардум расад, эшонро аз рафтани худ огоҳ созад, то касеро аз вай зараре нарасад. Шашум, агар дарвешеро дармонда бинад, бори ӯро ба ҷиҳати савоб бардорад ва ба манзил расонад. Ҳаштум, борҳое, ки ҳарому макрӯҳ (зишт) бошанд набардорад... Даҳум, ба ҳамкорони худ низоъ накунад. Ёздаҳум, кори худро бар ёсен нисор (бахшад) кунад. Дувоздаҳум, дар банди уҷрат (музд) набошад ва дар ин боб муболиға нанамояд ва аз инсоф дарнагузарад.

Агар пурсанд, ки он чӣ хосан ҳаммолон аст, чист, бигӯй, ду чиз: Аввал, боркашӣ. Дуюм, боркунӣ.

Агар пурсанд, ки бинои ҳаммолӣ бар чист, бигӯй, бар се чиз: Аввал, қудрат, ки бе қувват ин кор натавонад кард. Дуюм, тоат, ки бе тоат ҳаммол чаҳорпой бошад. Сеюм, ҳиммат, ки ҳар кӣ бе ҳиммат бувад, ҳаргиз бор ба манзили мақсуд нарасонад.

пешина
аз 242
навбатӣ