Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Агар пурсанд, ки маънии пил бардоштан чист, бигӯй, пил сифати азамат аст ва бардоштани он ишорат ба он аст, ки заррае хокро нарасад, ки бо халқи афлок азамат кунад.
Агар пурсанд, ки ҷаҳандагӣ чӣ маънӣ дорад, бигӯй, маънии он аст, ки нафс душмани хонагӣ аст, аз ӯ бибояд ҷаст ва паноҳ бурд. Тавфиқ муҳориба бо нафс аст:
Агар зи дӯст мададгори нарасад як дам,
Ҳазор таънаи душман ба ними ҷав нахарам.
Ба яқин бибояд донист, ки ҳақиқати зӯргарӣ он аст, ки душмани нафсро поймол созанд, вагарна баъзе чаҳорпоён ва дадонро қувват аз одамӣ зиёда аст, пас ба қувват набояд фахр кард ва аз сари ҳавои нафс бибояд гузашт, то паҳлавони маърака марди шадда гардад.
Саъдӣ мегӯяд:
Мардӣ гумон мабар, ки ба панҷа асту зӯри китф, Бо нафс агар барӣ, донам ки шотирӣ.
ФАСЛИ ЧАҲОРУМ
ДАР СИФАТИ АҲЛИ БОЗӢ АЗ МАЪРАКАГИРОН ВА ЭШОН СЕ ТОИФААНД: ТОСБОЗОН, ЛУЪБАТБОЗОН ВА ҲУҚҚАБОЗОН
ҚИСМАТИ АВВАЛ
ДАР БАЁНИ ТОСБОЗОН
Агар пурсанд, ки тосбозиро аз куҷо гирифтаанд, бигӯй, аз даври фалак, ки пайваста дар гардиш аст.
Тосбози чарх бин, чархи муламмаъ дар бараш,
Мезанад чархеву бар болои мо мебигзарад.
В-андарин майдон зи фарзандони одам дам ба дам,
Мекунад пинҳон якеву дигаре меоварад.
Агар пурсанд, ки маънии тосбозӣ чист, бигӯй, дар ин кор чаҳор феъл аст ва ҳар яке маъние дорад: Аввал, ҷубба пӯшидан. Дуюм, чарх задан. Сеюм, рахт бардоштан ва пинҳон кардан. Чаҳорум, боз овардан.
Агар пурсанд, ки маънии ҳар як чист, бигӯй, ҷубба пӯшидан ишорат ба талаб кардани мақсуд аз худ барои он ки бузургон гуфтаанд: «Ҳар чӣ туро бояд бо туст ва матлуби ту дар зери ҷомаи ту».
Дигар, чарх задан, ишорат аст ба сайр кардан дар худ ва аз доираи вуҷуди худ қадам берун наниҳодан.
Дигар, раҳт бардоштан, ишорат ба қабули суханони дарвешон ва пазируфтани калимоти эшон, ки ҳар як матоест нафис. Бозовардан ишорат аст ба адо кардани он суханон ва вақту маҳалли он нигоҳ доштан, яъне файзе, ки аз бузургон гирифта бошад, дар вақти эҳтиёҷ ба хӯрдон бирасонад.
Агар пурсанд, ки махсуси тосбозон чист, бигӯй, чӯббаву тос.
Агар пурсанд, ки чӯбба ишорат ба чист, бигӯй, чӯббаи тосбозон ба ду чиз аст: аввал он ки пӯшандаи айб бошад. Дуюм, он ки бар ӯ ҳама эътимод тавон кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор