Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
— Барои чӣ бебаҳра? – ба ҳайрат мондам ман.
— Мо узви маҳфили йогҳо шудаем. Яке аз таълимоти онҳо парҳез аз гӯшту равғани ҳайвонот аст, – ҷавоб дод ӯ.
Баҳром Фирӯз на танҳо нависандаи баркамол ва ҷамоатчии фаъол, балки марди даҳ ангушташ ҳунар буд. Ӯро ҳама чун намунаи ибрати ҳифзи саломатӣ, гигиенаи ҳаёт, мошиндорӣ, таомпазӣ, сохтану таъмири асбобҳои рӯзгор, сарфаю сариштакорӣ ва ӯҳдабароӣ эъзоз мекарданд. Номи кулли доруҳо ва усули табобати дардҳоро хуб медонист. Вай бояд умри дароз медид, асарҳои нав менавишт, ба мардум хизмати шоиста мекард, сарвари хонадони сернуфусаш мешуд. Вале харҷу марҷи солҳои охир, нотинҷии замона, ғами насли наврас, инқирози илму фарҳанг, вайронии ахлоқу одоб, ҷангҳои бародаркуш ва кӯчокӯчу ғарибиҳо асабҳои пайкари ҳассоси ӯро абгор карданд, бори дилашро аз ҳад зиёд гарон сохтанд. Марги беамон ин марди некном ва адиби пурмаҳсулро бармаҳал аз байни мо бурд.
Мо имрӯз худро бо суханони Низомии Ганҷавӣ таскин дода мегӯем, ки адибони забардаст намемиранд, балки ба баҳри сухан ғӯта мехӯранд. Ҳар гоҳ китобҳояшонро варақ занӣ, чунонки моҳӣ аз қаъри об мебарояд, симои гармашон пеши назар зоҳир мегардаду бо ту боз мусоҳиб мешаванд, пандат медиҳанд, эҳсоси дилу майнаашонро иброз медоранд. Ман худро боз бо он тасалло мебахшам, ки зану фарзандони тарбиятдида ва инсондӯсти Баҳроми шодравон хотираи дурахшони ӯро пос медоранд, хислатҳои беҳтарини сарвари оилаи худро такмил медиҳанд.
Ман ба ин хотираҳои парешони худ бо се байти тозаи мувашшаҳ нуқта мегузорам:
Боз ёдат мекунам, эй дӯст, шабҳои дароз,
Аз вафоти нобаҳангоми ту бо сӯзу гудоз.
Ҳайфам ояд аз ғуруби моҳтоби мӯҳташам,
Рафтию бинҳоди андар қалби мо дарду алам.
Одати мо нест, аммо нолаю оҳу фиғон,
Монад осори наҷибу номи некат ҷовидон.*
- Аз ҳарфҳои аввал номи Баҳром ҳосил мешавад.
с. 1998
ГУЛҶЕҲРА СУЛАЙМОНӢ
Шоираи халқии Тоҷикистон
НЕКСИРИШТ
Баҳром бо феълу атвору хислатҳои наҷибаш Толисро ба ёд меовард: ҳамон хел марди меҳнаткашу хоксору фурӯтан. Сарфи назар аз ҷавониаш аз ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ бохабар буд ва бо дониши мукаммали хеш пирони барӯманди рӯзгордидаро ба ёд меовард. Ӯ ҳаргиз аз кор рӯ намегардонд, пайваста заҳмат мекашид, то офаридаҳояш ба талаботи замон ҷавоб гӯяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор