Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Шом аз сояҳои нилобӣ,
Хайма ба рӯйи пахтазорон зад.
Бар машомам аз насими бегоҳӣ
Накҳати кокулони ҷонон зад.
Қаҳрамонҳоеро мебинем, ки аз як зарра некӣ мисли кӯдак хурсандӣ мекунанд…
Дӯстии ман ҳам бо Баҳром Фирӯз аз андаке ёрии беғаразона сурат гирифт.
Солҳои аввали ҳафтод дар автобаза кор мекардам. Боре ҳангоми корбаро назди дарвоза марди бануру гармнигоҳ пурсиданд, ки «оё устое ёфт мешавад, ки мошинаамро як назар бинад?». Ман усторо аз роҳ баргардондаму дар муддати ҳафт ё ҳашт дақиқа мошинро ба роҳ даровардем.
Баҳром ба усто пул дароз карданд.
«Мо дар дафъаи аввал пул намегирем» гуфтам бо оҳанги шӯхӣ ва ба усто нигаристам, ки маро дастгирӣ кунад.
Акаи Баҳром бо табассум ба ман зеҳн монда гуфтанд:
— Пула гиред, вагарна ин исқот боз дар роҳ мемонад.
Ва баъди ба роҳ даромадан афзуданд, ки «гап дар сари ду ё се сӯм не. Назарбаландӣ касро хурсанд мекунад. Меҳратро бедор мекунад». Сӯҳбаткунон то даруни шаҳр омадем. Ҳангоми хайрухуш бо оҳанги дӯстӣ гуфтанд:
— Аз сӯҳбататон маълум, ки китоби бадеӣ мехонед, мулло. Ҷойи коратон ҳам ҷойи хуб. Ба қавли шоирҳо «дар ҷӯши зиндагӣ». Дар аввали кор як дафтари хотирот кунеду ҳар рӯз ё ҳафтае пас воқеаҳое, ки ба худатон маъқул аст, айнан нависед. Кӣ медонад, ягон рӯз китобатонро мехонем.
Ҳамин тариқ дӯстии мо дар тӯли зиёда аз бист сол новобаста аз он ки он кас аз ман даҳ сол калон буданд, бо эҳтироми тарафайн ҳамчунон софу беғубор давом кард.
Боре тобистон аз деҳа омадаму дар хона ба кадом сабабе ситеза кардам. Занам табассум карду пурсид:
— Хонаи акаи Баҳром кай меравед?
— Чӣ буд?
— Аз он ҷо биёед, одами дигар барин мешавед. Гӯё меҳрубон, андешаманд.
— Ин тавр бошад, ҳатман бегоҳӣ меравам, – гуфтам ва раҳораҳ фикр кардам, ки дар ҳақиқат сӯҳбату меҳмоннавозии дилнишин, рӯзгори ширин, озодагии он хонадони шариф ҳар каси боре он ҷо бударо ҳам бетараф намегузорад. Дар хона муҳити озоду адабӣ барқарор буд. Фарзандон дар хониши адабиёти беҳтарину олӣ тарбият меёфтанд. Парвона фарзанди миёнаи хонадон дар синфи ҳафтум мехонаду бо падар аз қаҳрамонҳои Балзаку Достоевский гуфтушунид мекунад. Дӯстоне, ки ҷамъ меомаданд, аз пешравии илму адабиёти гузаштаву имрӯза сӯҳбат меоростанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор