Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Гӯйӣ ҳам ҳар дам зи шаҳри мо бурун рав, эй Камол,
Ин самарқандигариҳо бо хуҷандӣ то ба кай?
Ҳама бо шавқ хандиданд. Фақат занам ба маломат ба ман менигарист...
Аз он айём хеле солҳо гузаштанд. Боре ҳангоми сӯҳбат акаи Баҳром хурсанд гуфтанд, ки Искандар дирӯз охирон имтиҳон супурд. Бо меҳнати худаш ба донишгоҳ қабул шуд. Имсол зиёда аз чил иншо навишт. Худам назорат кардам. Парершаб ба кӯрпа даромадаму аз дилам гузашт, ки ба мавзӯи «Шаҳри ман» иншо нанавиштааст. Мабодо ҳамин мавзӯъ биёяду надонад гуфта тоқат накарда хестам. Искандарро ҳам хезонидам. Дукаса нақшаи корӣ тартиб додем. То бевақтӣ навишт. Пагоҳӣ равад, ҳамин мавзӯъ. Баҳои 4 гирифт.
— Ҳам Искандари бечораро азоб додеду ҳам худатон. Ягон шиносатона мегуфтед, баландтар баҳо мемонд.
— Баҳо мемонд. Лекин ман мехоҳам фарзандон аз таҳкурсӣ ба роҳи рост раванд. Бо меҳнати худ пешравиро омӯзанд. Ҳам худ баҳраманд мешаванд, ҳам ҷомиа...
Як сол пас, тобистон ба ноҳияи Айнӣ рафтем. Бегоҳӣ зиёиён, ҳаводорони адабиёт ба ҳавлӣ ҷамъ омаданд. Акаи Баҳром бештар ба гуфтугӯйи нишастагон гӯш меандохтанд. Яке бинам ба марди сухангӯе гӯшу ҳуш буданд.
— Эътибор диҳед, – гуфтанд, – сухангӯйиашон мисли одамони даврони Рӯдакӣ.
Гӯш кардам. Ғайри он ки оҳиста, бо лаҳни дӯстонаву бештар деҳотинамо гуфтугӯ мекард, дигар нишонае пай набурдам.
— Дигарҳо ин тавр не, – гуфтанд акаи Баҳром. – Дигарҳо калимаҳои арабӣ ё русӣ ҳамроҳ мекунанд.
— Шояд аз он сабаб, ки ин одам дар умраш аз деҳа берун нарафтааст.
Ин дам кадоме «меҳмонҳо ҳам сухан кунанд» гуфт. Акаи Баҳром, чунон ки одаташон буд, маҳин табассум карданд, андешаманд шуданд, пас аз «Маснавӣ» шеърҳо хонданд. Аз рӯзгори Мавлонову Шамси Табрезӣ нақл карданд. ҳамчунон аз зиндагии Толстой ва аз нақшу мақоми ин ду бузургмард ба наслҳои баъдина қисса карданд. Меҳмонҳо аз сӯҳбат хушҳол рафтанд.
Пагоҳӣ чашм кушода дидам, ки акаи Баҳром бо хушҳолӣ аз ҷониби кӯча меоянд.
— Деҳаро давр зада омадам, – гуфтанд он кас. – Аз ҳар тараф овози бузу гӯсфандон, ҳар гуна мурғон меояд. Дар ҳар бом ё ҳавлӣ радио мехонад. Поёни деҳ назди мактаб боғи хушбоду ҳавое будааст. Аз бӯйи гулу себаргааш мегӯйӣ аз назди заводи атриёт мегузарӣ. Наварӯсон назди дарвозаашонро об зада рӯбучин доранд. Кӯчаҳо озода. Оби ҷӯйборон тоза. Баъзе мардҳо хару хингил карда аз пайи рӯзгор. Бо меҳмон шиноси дерин барин пурсупос мекунанд. Лаҳни суханкуниашон мардуми Шероз барин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор